Георгий Зотов дар радифи ТОП 10 рӯзноманигори машҳури Русия аст. Ӯ бори ҳаштум аст, ки ба Афғонистон сафар мекунад. Вале бори аввал тавассути Тоҷикистон. Ӯ Афғонистонро чӣ гуна дарёфт. Чӣ чизро рӯзноманигор дид, ки сиёсатмадорон ба дидани он қодир нестанд? Ин ҳама дар суҳбати Шариф Ҳамдампур бо Георгий Зотов.

— Дуруд, Георгий!

— Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту.

— Аз шири шутур оғоз кардӣ, арабиро медонӣ?

— Бале, аз чор забоне, ки медонам, яке арабист. Замони Шӯравӣ дар Миср хабарнигори рӯзномаи “Известия” будам. Баъдан хоки Ироқу Судану… бод додаам.

— Яъне гурги борондида.

— Дурусташ тӯфондида.

— Чӣ чиз туро ба Тоҷикистон овард?

— Нияти сафари Афғонистон, дидори номубораки Толибон.

— Ба дарвозаи ҷаҳаннам хуш омадӣ!

Роҳ сӯи ҷаҳанам

— Сафар ба Афғонистон мусовӣ ба қаҳрамонист. Рӯзноманигори қаҳрамон аз ин сафар чӣ овард?

— Қаҳрамонӣ муболиға аст. Ин сафари маъмулии рӯзноманигор аст. Сурат гирифтани он камолоти ҳамназариву ҳамкасбӣ бо туст. Мамнун. Аз дидаю шунидаҳо гӯям, шояд бовар накунӣ. Он чиро мегӯям, ки пеши дигарон дурӯғу пеши Худованд рост аст. 

Купруки Панҷи Поён бароям аъроф буд. Ин тараф ҷаннату он тараф ҷаҳаннам. Шерхон бандар  “Свадьба в Малиновке” (филми мазҳакавӣ, соли 1967) -ро ба хотир меорад. Зеро ин тарафи дарё ҳама либоси покизаи низомӣ дар тан доранд, вазифаашонро чун сарҳадбон хуб ба ҷо меоранд, саломи низомӣ медиҳанд. Давлат будани ин тарафи дарёро дарк мекунӣ. Аммо дар он тарафи дарё сарҳадбонон ҷинояткоронро ба хотир меорад: салла дар сар, дар китф кампал, шипак дар пой, автомат дар даст  рӯи кати оҳанин хобидаанд. Ман сарҳадбони толибонро чунин дарёфтам. Ӯ аз ҷояш нохез ба ман савол медиҳад:

— Ту кӣ?

— Зотов, рӯзноманигор, аз Русия.

— Чаро Афғонистон омадӣ?

— Сафари хизматӣ, супориши редаксия.

Шиносномаамро дароз мекунам. Онро варақ мезанад

— Иҷозатнома (виза) надорӣ! — мегӯяд.

Мани ҳайратзада варақи иҷозатномаро, ки муҳлаташ то 25 ноябри соли 2021 аст,  нишон медиҳам. Аҷабо, вай саводи хат надоштааст, хондан наметавонад. Ман ду нафари дигарро, ки андаке англисиро медонанд, даъват мекунам. Онҳо ба сарҳадбони саллабасар мефаҳмонанд, ки виза дорам. Ӯ муҳрро аз ҷайбаш берун мекашад, шиносномаро чаппа ба даст мегирад ва намедонад, ки дар куҷо муҳр гузорад. Англисидон, ки тахмин мекунам ронанда буд, ҷои муҳр заданро нишон медиҳад. Ӯ бо виқор муҳр мезанад  ва бо ангушт қароргоҳеро нишон медиҳад, ки сардораш менишинад. Ман вориди утоқи сардор мешавам.

— Бе роҳнамо иҷозати сафар нест! — мегӯяд сардор ва илова мекунад: роҳ пурхатар, то Қундуз бароят одам ва мошин медиҳам.

Ман ба нишони итоат сар меҷунбонам. Мо ба роҳ мебароем. Дар Қундуз маро ба мошини дигаре, ки байрақи толибон дошт, савор мекунанд.  Маро ба қароргоҳи таксиҳои Кобул меоранд, ба таксие савор мекунанд ва ба  ронанда дастур медиҳанд, ки ба Кобул расонад. Толибон бо рӯзноманигорон бисёр эҳтиёткоранд, медонанд, ки сухан ҳам месозаду ҳам месӯзад.

Рақами мошин ва телефони ронандаро дар варақе сабт мекунанд.Таъкид мекунанд, ки агар нохушие бо ман шавад, тамоми оилаашро нобуд месозанд. Мебинам, ки ба ронанда чунин мусофир дарди сар аст, аммо илоҷе надорад. Сари чанд вақт аз Қундуз толибон ба ронанда занг мезананд ва мепурсанд, ки куҷо расид. Роҳ тӯлонӣ ва сермошин. Дар маҳале барои ғизо хӯрдан истодем. Ногаҳ зани мӯйҳояш парешони дар чирк ғӯтида ба сӯям санг андохта, ҳуҷум овард. Ду саллабасари силоҳбадаст пеши роҳашро гирифтанд. Ронанда фаҳмонд, ки ду писари ин зан савори мошине буданд, ба таъкиди аскарони амрикоӣ итоат нокарда, ҳаракатро давом доданд. Ҷониби мошин тир меандозанд, ҳар ду писараш нобуд мешаванд. Зан гумон кардааст, ки ман амрикоӣ ҳастам.

Ронанда аз ман дур намешавад, ба гӯшам мехонад, ки аз мошин дур наравам. Ӯ метарсад, Аз худ, аз аҳли оилааш. Баъдтар ман аз сухани мардум мефаҳмам, ки толибон аз фашистҳо ҳам гузаронданд, қаҳри Исоро аз Мӯсо мегиранд. Як кас гуноҳ мекунаду аҳли оилаи бегуноҳашро зери шиканҷа мегиранд. 

Ду чеҳраи як шайтон: Ашраф Ғанӣ ва Толибон

— Ту ҳашт бор дар Афғонистон будӣ, Афғонистони имрӯза аз гузашта чӣ фарқ мекунад?

— Бад буд, бадтар шуд. Бале, ман муқобили таҷовузи амрикоиҳо дар Афғонистон будам. Албатта дар амали онҳо зери коса нимкоса ҳаст. Онҳо ҳама корро карданд, ки толибон дубора сари қудрат оянд. Дар Кобул вазъият андаке хуб, вале дар Қундузу Ҷалолобод, ки ман будам, Худо нишон надиҳад. Мардум нони хӯрдан надоранд, дар харидани он навбат мепоянд.  Ҳама чиз рӯз ба рӯз қимат мешавад. Пул нест. Дар бозор мол ба мол – бодиринг ба нон, качолу ба биринҷ …иваз мешавад. Замони Ашраф Ғанӣ се моҳ маоши мардумро надоданд, се моҳи дигар аст, ки толибон маош намедиҳанд. Шаш моҳ дар Афғонистону сафоратҳои он дар хориҷа маош намегиранд. Ёбу гир!

Толибон гурги борондида

— Бо толибони баландпоя мулоқот кардӣ?

— Не. Бо Муҷибулло Муҷоҳид ҳамсуҳбат шудан натавонистам. Аз сафорати Русия телефонашонро гирифтам. Аммо телефон ё кор намекунад, ё гӯширо намебардоранд. Акредитатсия ҳам  шаш рӯз тӯл кашид. Вақте сабабашро аз масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ пурсам, ҷавоб якто буд: шаш моҳ аст маош намегирем, бо шиками гурусна куҷо кор мешавад! Ҳалли ҳама кор дар дасти паштуҳои саллакалону ришдароз.

Як тоҷики даврони Ашрафро дар Вазорати корҳои хориҷӣ дидам. Афсус мехӯрад, ки гурехта натавонист. Одамони замони амрикоиҳо коркардаро толибон бад мебинанд. Ҳоло дандон газида тоқат мекунанд, эътироф ки шуданд, чеҳраи воқеии худро нишон медиҳанд. Мардум ба толибон бовар надоранд, аз онҳо метарсанд. Ҳоло хӯрданӣ ҳаст, фардо, ки ҳеҷ чиз намонд, боз толибон балоро ба сари маъмурини аз замони амрикоиҳо боқимонда мезананд. Ин усули онҳост. Нақораро онҳо мезананд. 

Мардумро тарс идора мекунад

— Рафтори толибон дар Кобул чӣ гуна аст?

— Мисли каждуми зери бурё. Алҳол “обрӯи” бист соли пешашон  –даст буридан, сангсор кардан, ба дор овехтан… кор мекунад. Онҳо пайти мувофиқ мекобанд. Ҳар лаҳза метавонанд ба низомӣ 20 соли пеш баргарданд.

Мардумро тарс идора мекунад. 

 — Пас қонуни шариат кор намекунад?

— Қонунӣ шариат барои мардуми оддист. Воизон ҳар чи мехоҳанд, мекунанд. Як чиз бароят мегӯям: алкулро чи хеле, ки мефурӯхтанд, ҳоло ҳам мефурӯшанд. Водкаю вискиро дар буталҳои пластикии Кока -Кола мерезанду мефурӯшанд. Фарқаш ҳамин ки се маротиба қимат.

— Толибон менӯшанд?

— Бовар намекунам, ки наменӯшанд.

— Мушкилот бароят ҷиҳати иҷрои вазифаи рӯзноманигорӣ пеш наомад?

— Буд албатта. Ба муллоҳои ришдор мебаромаданд, онҳо ҳал мекарданд.

Тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳоро хат заданд

— Бо намояндагони қавмҳои ғайр ҳамсуҳбат шудӣ?

— Бале, аз ҷумла бо тоҷикон. Вазъ бад. Мардум худро тасарруфшуда, (дар оккупатсия)  меҳисобанд. Ҳеҷбудагон соҳиби ҳама чиз шуданд. Ҳама ҷо пуштунҳо, дар бандарҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти низомӣ, муҳофизон. Сангро партоӣ сари пуштун меафтад. Тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, ҳазораҳоро аз ҳама кор дур андохтанд. Пуштунҳо омаданду қавмҳои дигарро ғасб карданд. Ҳарбиҳо собиқ 300 ҳазор буданд. Ҳамаро ронданд, ягон нафарро ба кор нагирифтанд. Зеро онҳо асосан аз қавмҳои ғайри пуштун буданд. Мегӯянд, ки онҳо бо амрикоиҳо буданд, ташаккур гӯянд, ки муҷозот нашуданд, ба хонаҳояшон ҷавоб додем. Дар ВКХ тоҷикон ҳастанд. Зеро онҳо босаводанд, забон медонанд, кореро мекунанд, пуштунҳо карда наметавонанд. Аммо дар соҳаи ҳарбӣ ҳама пушунҳо, ба тоҷикон роҳ нест. Вақте аз қавмҳои дигар, аз ҷумла, тоҷикон мепурсам, ки чаро чунин аст, онҳо мегӯянд, ки офарин ба пуштунҳо, дуруст мекунанд ё лаб мегазанд. Вақте ки зулм ҳаст, лабҳо баста мешаванд. Боз мегӯянд, ки Дӯстум, Исмоилхон, Ато Нур дар қаламрави худ фишор оварданд, ғорат карданд. Аз Толибон чӣ гила! 

Қумандонҳои хиёнаткор ё ғалабаи харҳои хурҷинашон пури тилло

— Минбаъд мардум чӣ хоҳанд кард?

— Ҳеҷ. Мардум комилан бетафовут ҳастанд. Аз ҷумла тоҷикон. “- Ба ҳамааш туф кардам  – мегӯянд. Муҳим, ки нон бошад. Бигзор Толиб аст, Шайтон аст, Майкл Ҷексон аст, фарқ надорад”. Мардум хаста шуданд: аз ҷанг, аз дурӯғ, аз фиреб, дасиса, аз бенонию бесоҳибӣ.

— Ҳамин сабаби ғалабаи толибон гашт?

— Толибон 20 сол қабл Шимоли Афғонистон –мазори Шариф, Қундуз…ро  бо мушкилот, бар асари ҷанги чандсола гирифтанд. Ҳатто Файзободро гирифтан натавонистанд. Аммо дар 20 соли баъдӣ ҳеҷ дигаргунӣ нашуд, зиндагиашон беҳтар нагашт. Барои чунин як ҳукумат ҷонбозӣ кардан нахостанд.

— Шояд сабаб чизи дигар аст?

 — Шояд. Ман фикр мекунам сабаб тарс ва хиёнат аст. Падидаи гӯшношунид: қувваи ҳукуматӣ 2000 нафар, толиби мототсекилсавор меояд ва ба қумандор лифофаеро дароз мекунад. Қумандон лифофаро боз мекунад, номаро мехонад, танку тупро фаромӯш мекунад ва дастур медиҳад:

—  Парешон шавед! Ҳар кас ба хонаи худ!

— Медонӣ дар ин номаҳо чӣ навишта шуда буд?

— Не.

— Чӣ тахмин мекунӣ?

— Тахмин мекунам, ки ба қумандон маблағи муайян пешниҳод гаштааст. Дар ҳолати рад кардан, таҳдид шудааст, ки худашон ва аҳли оилаашонро сар мебуранд. Далели ин гуфта он аст, ки толибон бе тирпаронӣ шаҳрҳою бандарҳоро гирифтанд.

— Ин тавтиъа буд?

—  Шарқ, аз ҷумла тоҷикон масале доранд  “Қалъаи устуворро метавон бо хари хурҷинаш пури тилло тасарруф кард!”.

Воқеияти ин масал қазияи Афғонистон аст.

 Рекламае, ки толибонро сари қудрат овард

— Фикр намекунӣ, ки дар чунин шакл гирифтани сарнавишти Афғонистон Ашраф Ганӣ нақш дорад?

— Чунин ҳам ҳаст. Бо ҷомадони пул гурехтан, ба ӯ кордор нашудани толибон ба ин далолат мекунад. Толибон тактикаи ҷангиашонро дигар карданд. Агар қисми ҳарбие муқовимат нишон дод, ҷангиданд, куштанд, ғорат карданд. Агар муқобилият нишон надоданд, ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Таъсири он мисли таблиғоти вирусӣ (вирусная реклама) буд.

 Дар ҳама манотиқ овоза паҳн шуд, ки агар ба толибон муқобилият нишон диҳӣ, бо аҳли оилаат мекушанд, агар муқобилият нишон надиҳӣ ба хонаат ҷавоб медиҳанд. Аз ин ҷост, ки вақте пул пешниҳод карданд, ҳама бе дудилагӣ онро гирифтанд. Худат медонӣ, ки Афғонистон кишвари фасодзада аст. Фасод муқаддасотро аз байн мебарад, мамлакати фасодзада оянда надорад. Таърих ба ин гувоҳ аст. Аз ин ҷост, ки Афғонистон ба ҷисми беҷон табдил ёфта буд. Толибон бо ангушт тела доданд, ба замин яксон гашт.

— Дар Кобул рафтори пуштунҳои оддӣ чи гуна аст?

— Вақте ба забони дарӣ мепурсӣ, онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ман шоҳид  будам: хориҷие мехост визаашро дароз кунад. Ӯ  ба пуштуни дарбон ба забони дарӣ муроҷиат кард. Дарбон гӯё нашунид. Хориҷӣ ба забони шикастаи пуштунӣ гузашт. Ӯ иҷозат дод, ки хориҷӣ вориди бино шавад. Ҳоло пуштунҳо сархуши ғалабаи осон ҳастанд. Онҳо интизор набуданд, ки ба ин осонӣ Афғонистонро мегиранд.

— Мегӯӣ, ки пуштунҳои оддӣ интизори ғалаба набуданд? 

— Баръакс. Дар Қундуз бо пуштунҳо ҳамсӯҳбат шудам. Онҳо пинҳонӣ кор мебурданд. Рӯзона мардуми осоишта буданд, шаб автомат гирифта меҷангиданд. Хадамоти истихборотии толибон назар ба хадамоти истихборотии Афғонистон хубтар кор мекард. Як мисол меорам. Толибон медонистанд, ки дар муқобили авиатсияи ҳарбии Афғонистон ҷанг карда наметавонанд. Вале онҳо ба осонӣ авиатсияи ҳарбиро аз кор бароварданд.

— Чӣ гуна?

— Сарнишинон (лётчикҳо) – и авитсияи ҳарбии Афғонистонро дар замин нобуд карданд. Онҳо маълумот гирифтанд, ки лётчикҳо дар куҷо зиндагӣ доранд. Даҳ нафари онҳоро куштанд. Ин дар байни лётчикҳо тарсу ҳарос барангехт. Дигарон тарсиданд ва ба парвозҳои ҳарбӣ набаромаданд. Чӣ фикр мекунӣ, кӣ адреси онҳоро дод? Бе кумаки Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, хадамоти ҷосусии Афғонистон ин кор имконнопазир буд.

Толибон ба Тоҷикистон хатар пеш меоранд?

-Талибан барои Тоҷикистон хатар ҳастанд?

— Ман бароят як сирро мегӯям: Толибон хатари бузург барои Тоҷикистон ҳастанд. Ман бо бисёре аз тоҷикон дар Кобул суҳбат доштам. Ҳамаи онҳо бо як забон мегӯянд, ки агар ин ҷо ба мо фишор оранд, ба Тоҷикистон меравем. Ман ба онҳо гуфтам, ки шумо беш аз 20 милиён ҳастед, аҳолии Тоҷикистон 10 милён, ҷой кардани шумо ғайри имкон аст. Онҳо мегуфтанд: мо тоҷикем, Тоҷикистон ватани дуюми мост, бояд ба мо ёрӣ расонад. Пуштунҳо ҳам ҳавасманд ҳастанд, ки тоҷикон, ӯзбекҳо аз Афғонистон раванд. Сарҳадбонон мегӯянд, ки пеши роҳи то 500 нафарро гирифтан метавонанд, агар шумораи фирориён аз ин бештар шавад, мушкилот ба миён меояд.

Русияро чӣ интизор аст?

— Толибон барои Россия хатар эҷод мекунанд?

— Барои Россия хатар дар он аст, ки гурезаҳо дар Тоҷикистон зиёд намеистанд. Онҳо ба Русия, Қазоқистон рахти сафар мебанданд.  Кӣ медонад, ки зери ҷомаи гуреза кӣ пинҳон аст. Тоҷикистон аз Русия дур, ба Русия хатар надорад гуфтан соддалавҳист. Русия аз хатар дар канор нест.

— Пас чаро Русия Толибонро дастгирӣ мекунад.

—  Россия онҳоро дастгирӣ намекунад, мехоҳад даргириро пешгирӣ кунад. Ҷанг роҳи ҳали масъала нест. Росия мехоҳад кафолати толибонро гирад, ки дар Осиёи Марказӣ бенизомиро роҳандозӣ намекунанд, ба Тоҷикистон ҳуҷум наоранд.

— Агар ба суханашон содиқ намонанд?

— Россия вокуниш нишон медиҳад.

Толибон пой мекӯбанд

— Толибон ғалаба карданд. Амали минбаъди онҳо чӣ хоҳад буд?

— Ман бо як толиб ҳамсӯҳбат шудам. Мегӯяд, ки барои чи ҷанг карданд? Барои он ки қонуни шариат кор накунад, барои он ки занон рӯи луч гарданд, барои он ки онҳое, ки якҷо бо амрикоиҳо муқобили мо ҷанг карданд ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд?

Норизоӣ миёни толибон зиёд аст

— Оқибати ин пойкӯбӣ чист?

— Аз нав оташ гирифтани ҷанг дар Афғонистон аз эҳтимол дур нест. Ҷанг барои исботи он ки Оллоҳро кӣ бештар дӯст медорад. Ҷанг миёни бренди дохилӣ  — Толибон ва франшизаи байналхалқӣ — ДИИШ.

— Толибон киро душмани рақами аввал медонанд?

—  Алҳол амрикоиҳоро. Ҳарчанд зоҳиран мехоҳанд бо ҳама робита устувор созанд.

— Толибонро террорист меҳисобӣ?

— Бале.

— Пас чаро баъзе аз давлатҳо бо онҳо сари мизи музокирот мешинанд?

— Ин як амали маъмулии дипломатист. Се сол қабл ман бо як амрикоии сохтмончӣ дар Кобул ҳамсӯҳбат шудам. Аз ӯ пурсидам, ки агар амрикоиҳо неруҳояшонро бароранд, ҳукумати Афғонистон чанд муддат пойдор мемонанд? Ӯ гуфта буд , ки ним сол. Ин нишони эътирофи толибон чун қувва буд. Ҳарчанд бо толибон душмани ғирт буданд, вале дасти онҳоро мефишурданд, бо онҳо сари мизи музокира менишастанд, аз онҳо кафолат ва мусоидат барои баровардани неруҳояшон мехостанд. Ин эътирофи толибон ҳамчун неру буд. 11 сентябри соли 2011 ҳангоми таркондани ду бино дар Ню — Йорк беш аз се ҳазор амрикоӣ ҷон бохтанд. Дар бист сол ба ҳамин миқдор аскарони ИМА дар Афғонистон нобуд гаштанд. Ба ин нигоҳ накарда Амрико, пушти сари Ашраф Ғанӣ  бо толибон музокира мебурд.

Чин бо толибон музокира мебарад, ки онҳо уйғурҳои ҷудоихоҳро дастгирӣ накунанд. Русия бо толибон музокирот мебарад, чунки намехоҳад онҳо дар Осиёи Марказӣ нооромиро роҳандозӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон не, аммо дар Ӯзбекистон дар масҷидҳо шунидам, ки мегӯянд: толибон мусулмонҳои худамон, биёянд.

Ин хатар дорад. Барои хатарро пешгирӣ кардан беҳтарин роҳ музокира аст.

— Аз рӯи нақли ту режими толибон дур намепояд?

— Дар бораи режими Ҳумайнӣ ҳам ҳамин гапро мегуфтанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *