«Мураббии соли Тоҷикистон – 2021» кист? (аудио)

Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон — 2021” ҷамъбаст ва  дар он Тахмина Абдуалиева, мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд ғолиб ва соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Тахмина Абдуалиева аз ҷониби Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф бо Ҷом, маблағҳои пулӣ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва роҳхат ба истироҳатгоҳ қадрдонӣ  гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар такя ба Низомномаи «Озмуни мураббии соли Тоҷикистон» даври ниҳоии озмуни мазкурро доир менамояд. Дар озмуни имсола  5 довталаб аз вилоятҳои Бадахшон,  Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, маҳорату малакаи корбарӣ ва дониши педагогии худро нишон додаанд.

Гуфта мешавад, ки дар озмуни имсола аз шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо беҳтарин довталабон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Инҳо Гулру Гулбекова-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ, Мунира Ризоева-мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар, Тахмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе, Маҳбуба Пулодова-мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода мебошанд, ки тибқи шартҳои пешбининамудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро нишон додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *