Олимзани тоҷик соҳиби ҷоизаи ИДМ гардид

Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи  “Ситораи Иттиҳод” гардид. Ин ҷоизаи асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ мебошад, ки намояндагони 9 кишвар имсол онро ба даст оварданд.

Бино бар иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маросими супоридани мукофот 21- уми  декабри соли равон  дар толори калони Хонаи Пашкови шаҳри Москва баргузор шуд.

Дар баробари  тақдими ҷоизаи   «Ситораи Иттиҳод» инчунунин,  мукофоти  «Иттиҳоди дебютӣ» ба ғолибон супорида шудааст. Ин ду ҷоиза аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи ИДМ таъсис дода шудаанд.

 Ҳамин тариқ, намояндагони кишварҳои зерин имсол соҳиби ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» гардиданд:

сарояндаи опера Елчин Азизов (Озарбойҷон), ректори Донишгоҳи Русияву Арманистон Армен Дарбинян (Арманистон), як гурӯҳи физикҳо Александр Тузиков, Сергей Золотой ва Сергей Кореняко (Беларус), шоир Олжас Сулейменов (Қазоқистон), президентҳои Академияҳои миллии илмҳо Мурат Ҷуматаев (Қирғизистон) ва Ион Тигиняну (Молдавия), ректори МГИМО Анатолий Торкунов (Русия), директори Институти астрофизика Гулчеҳра Қоҳирова (Тоҷикистон), роҳбари оркестри симфонии эстрадӣ Мансур Тошматов (Ӯзбекистон).

Ёдовар мешавем, ки асарҳои Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти  астрофизика ба доираи васеи астрофизикҳои тамоми ҷаҳон маълуманд. Як сайёраи хурд дар низоми офтобиро Анҷумани ситорашиносони ҷаҳон ба номи астрономи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова гузоштааст. Ин ҳаштумин ҷирми осмонист, ки номи донишмандон аз Тоҷикистонро мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *