Шуҷоати мардӣ ку?Писарон дар паси духтарон пинҳон мешаванд

Зан модар аст. Ӯ шаҳсутуни хонадон, тарбиягари фарзанд мебошад. Пойдории оилаву ҷомеа ва тарбияи дурусти насли ояндасоз бештар аз модарон  вобаста аст. Доир ба нақши зан-модар дар озодию ободии кишвар Наполеон фармудааст: «Мо барои озодии миллат ва ободии кишвар, пеш аз ҳама ба модарони солиму огаҳ ниёз дорем.

Инкишофи ҷанбаи ахлоқии кӯдак, қабл аз ҳама ба нақши зан-модар вобастагӣ дорад. Дар хона маҳз модар муҳити созгорро фароҳам меоварад, эҳтиёҷоти рӯзмараи фарзандонро қаноатманд месозад ва ба онҳо боэҳтиромӣ нисбат ба калонсолон, риояи одоби муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, пос доштани арзишҳои миллиро меомӯзонад. Кӯдак аз рӯзи таваллуд бештар бо модар алоқаманд буда, таъсири ӯ дар рушди маънавию ҷисмонии фарзанд нисбат ба падар зиёдтар аст. Дар баробари ин пайванди доимии кӯдак бо модар дар инкишоф ва ташаккули хулқу атвори ӯ таъсири манфӣ низ мерасонад.

Нақши падар низ дар раванди тарбияи хонаводагӣ андак нест. Падар сарчашмаи оромӣ, амният ва низоми хонавода буда, барои фарзандон ҷаҳони фикру андеша, ҳунаромузӣ, қонун ва низому интизомро пешкаш менамояд.Падар дар фарзандон ҷаҳони фикру андеша, ҷасурӣ, далерӣ, худбоварӣ, худшиносӣ, ватандӯстиро бештар тарбия мекунад. Набудани мард дар хона ба ташаккули шахсияти фарзандон таъсири ногувор дорад. Чунончи ба инкишофи ақлонии кӯдак халал мерасонад, ӯ дар муошират бо ҷинси мухолиф мушкилӣ мекашад.

Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки агар дар оила духтарон бисёр бошанду писар як нафар, писар сифатҳои духтаронаро қабул мекунад, шармгину беҷуръат мешавад. Рафтору гуфтор, ҳаракату амалҳояш духтарона мешавад. Аксари писарон шуҷоати мардӣ надоранд, ғурури пучи воломақомӣ доранд, дар асл бошад беиродаву тарсончаканд, дар паси духтарон пинҳон мешаванд. Мардӣ ба зоҳир вобаста нест. Мардонагиро зан ҳам нишон дода метавонад, лекин мардиро омӯхтан аз мардони ҳақиқӣ таъсири бештаре дорад. Аз ин рӯ дар тарбия сахтгириву назорати ҷиддии падар ҳам лозим аст, то ки писар ноаҳл нашавад.

Вобаста ба ин гуфтаҳо дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 32/3 чунин таъкид шудааст: «Зану шавҳар вазифадоранд муносибатҳои худро дар асоси эҳтирому кумаки ҳамдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, барои некуаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд”.

Мутаасифона, оилаҳое, ки дар он ҳамдигарфаҳмию хушзабонӣ ва ҳурмату эҳтироми тарафайн умуман вуҷуд надорад, дар айни замон кам нестанд. Масъулияти бештари ин ҳама нобасомониҳо боз ҳам ба дӯши модарон таҳмил меёбад, ки фарзандонашон дар рӯҳияи ноустуворӣ ва фармоннопазирӣ ба камол мерасанд. Ноҷуриҳои ҳаёти хонаводагӣ, аз қабили рашку ҳасад, ранҷу шиканҷаи зиёд беш занонро ба кӯчаи сарбаста афканда, онҳоро дар ҷустуҷӯи роҳи халосӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ месозад ва ин дар ниҳояти кор ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад.

Сабаб ва омилҳои гуногун боиси сол то сол афзудани ҷудошавии оилаҳо гардида истодааст, ки ин  нигаронкунанда мебошад. Дар Тоҷикистон ҳамасола аз 8 ҳазор то 12,5 ҳазор оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, ки ин паёмади ногувор дорад.

Тақрибан 200 сол муқаддам ҳуқуқшиноси машҳуре пешгӯӣ намуда буд, ки дар оянда омилҳои зиёде ба оила фишор хоҳанд овард: «Айёме замонаҳои сахт фаро хоҳад расид. Зеро одамон худписанд, сарватпараст, пурғурур, бадзабон, беитоатӣ ба падару модар, беҳурматӣ нисбат ба калонсолону устодон, кӯрнамакӣ, осӣ, ноаҳл, номуросо, туҳматчӣ, бепарҳез, бераҳм душмани некӣ…мешаванд».

Имрӯз ин хислатҳоро метавон дар оилаҳое, ки фазои носолими хонаводагӣ ҳукмфармост, мушоҳида кард. Ҳарчанд ки дар байни мардуми Шарқ, аз ҷумла, тоҷикон одатан оилаҳо хеле аҳл бошанд ҳам, вале зери таъсири омилҳои гуногуни ҷаҳони муосир ва фишори иқтисодиву  иҷтимоӣ, дастрасии фарохи иттилоот, устувории оилаҳои зиёд коста мегардад ва дар аксари ҳолатҳо боиси пошхӯрии оилаҳо мешавад. Пеш аз ҳама, хушунат дар оила, нофаҳмиҳои байни зану шавҳар, муносибату муоширати нодуруст, дахолати аъзоёни дигари оила, омода набудан ба ҳаёти мустақилона, тарбияи нодурусти кӯдакон, беэҳтиромӣ нисбати ҳамдигар, риоя накардани оддитарин талаботу меъёрҳои оиладорӣ, бесабрию таҳаммулнопазирӣ ва амсоли инҳо метавонанд, ки сабабгори ҷудошавии оилаҳо, бахусус, оилаҳои ҷавон ва маҳрум гаштани фарзандон аз меҳри волидайн  шаванд.

Албатта, сабаб ва омилҳои ҷудошавии оилаҳо зиёданд ва оиди онҳо аз ҷониби масъулину мутахассисон, олимону равоншиносон фикру ақидаҳои зиёде иброз шудааст. Ин ҷо мо мехоҳем танҳо паёмадҳои ногувори ҷудошавии оилаҳоро таҳлилу баррасӣ намоем. Мубрамии масъала танҳо сари ҷудошавии падару модар набуда, аз ин фарохтар аст.

Хушбахтиву сарчашмаи ташаккул ва инкишофи ҳамаҷонибаи ҳар як фард дар оила зуҳур меёбад ва бунёду устувор нигоҳ доштани он вазифаи муқаддас ва қарзи ҳар яки мо дар назди фарзандон ва ҷомеа маҳсуб мешавад. Ахлоқу маънавиёти ҷомеа ба тарбияи фарзанд дар оила таъсир мерасонад.Аз ин рӯ, оила аз ҷамъият бурун набуда, якҷоя  бо он барои мақсадҳои ягона саъю кӯшиш мекунад Мақсади бунёди оила низ ба вуҷуд овардани насли солим ва тарбияи он аст. Дар Конститутсияи ҷумҳурии мо сабт шудааст: «Падару модар барои тарбияи фарзандон масъуланд». Пас, дар ҳоле, ки оилаҳо ҷудо мешаванд, масъулият, вазифа ва уҳдадориҳои онҳо дар таълиму тарбияи фарзанд чӣ гуна ҷараён мегирад? Тақдири фарзандон чӣ мешавад? Ҳол он ки тарбия ва ба воя расондани фарзанд рисолати аввалиндараҷаи падару модар мебошад.

Худ қазоват кунед, фарзандони оилаҳои ҷудошуда ин хислатҳоро аз кӣ омӯзанд, ҳангоме ки онҳо дар тарбияву парвариши шахсони дигар қарор мегиранд. Бешубҳа, метавон гуфт, ки дар ҷараёни таълиму тарбияи ин тоифа фарзандон халал ворид мешавад. Таълиму тарбияи онҳо комил нахоҳад буд. Зеро онҳо бо ҷудошавии падару модар аз меҳру муҳаббат, навозишу меҳрубонӣ ва роҳнамуниву дастгириҳои волидайн маҳрум мешаванд. Боиси изтироб ва таасуф аст, ки вобаста ба теъдоди оилаҳои ҷудошуда шумори чунин фарзандон низ меафзояд.

Дар тӯли 5 сол дар ҷумҳурӣ тақдири зиёда аз 53037 кӯдаки ноболиғ ба дасти ҳаводиси зиндагӣ вогузор асту ояндаашон номаълум. Зеро, ҳангоме ки падару модар аз ҳам ҷудо мешаванд, кӯдакони ноболиғ ҳатман ҳамроҳи модар мемонанд. Модар дар бисёр ҳолат ба хонаи падару модар, бародар, хешу ақрабо бармегардад, баъдан мумкин аст оилаи дигар бунёд кунад ва ё фарзандашро танҳо ба воя расонад. Дар ҳамаи ҳолатҳо ин оилаҳо барои кӯдак бегонаанд. Чунки ин гуна кӯдакон дар оилаи хешу табор ё падарандар ба ҳеҷ ваҷҳ узви комилҳуқуқ буда наметавонанд. Зеро дар ин оилаҳо кӯдакони дигар, аъзоёни асосии оила ҳузур доранд ва ин “меҳмони нохондаро” хуш қабул надоранд. Мумкин аст дар хонаи бобою бибӣ, тағою амак, дигар хешу ақрабо ин кӯдаконро хуб пазироию парастиш кунанд ва ё модарашон ба танҳоӣ онҳоро бо меҳр бузург кунад, вале маҳрумияти навозиши падар, насиҳату дастгирӣ ва роҳбаладии  ӯро ҳар лаҳза эҳсос мекунанд. Аксар вақт ин кӯдакону наврасон дар оилаҳои дигар нишони таънаю маломат, сарзанишу ҷазо қарор мегиранд. Масъулияти таълиму тарбияи онҳоро касе ба уҳда намегирад. Ҳамеша гунаҳгори бегуноҳанд. Модар наметавонад, фарзандашро беш навозиш кунад, ҳуқуқу манфиатҳояшро ҳимоя кунад. Агар ҳимоя карданӣ шавад ҳам, илоҷе надорад. Зеро ин амали ӯ мақбули аҳли оилаи наваш ва ё хешу табораш намешавад.

Аз ин рӯ дарун-дарун месӯзаду хомӯш мемонад. Ҳамаро таҳаммул мекунад, зеро замони ҷудошавӣ падару модар танҳо зиндагии минбаъдаи худро фикр карданду халос.

Ин аст, ки бештари кӯдакони ноболиғи оилаҳои ҷудошуда дар ҳоли зиндаятим қарор мегиранд ва чун  мебинанд, ки на падару модар , на хешу табор ва на ҷомеа ба онҳо дасти кӯмак дароз намекунад, аз ҳама чизу ҳама кас дилсард мешаванд.Чунин кӯдакон минбаъд дар муассисаи таълимӣ ва ҷомеа  мушкилӣ ба бор меоранд. Онҳо бо гузашти вақт дар ин гуна муҳити носозгор ба воя мерасанд. Ва дар қалби онҳо меҳри падару модар, хешу ақрабо, хонаводаю муҳит боқӣ намемонад.

Ягона мақсаду маром ва орзуи чунин тоифа кӯдакону наврасон  аз ин муҳити тоқатфарсо берун рафтан мебошад ва замоне, ки ба мушкилотҳои зиндагиву ҳаёт рӯ ба рӯ меоянд ноилоҷ мемонад, роҳгум мезананд, муҳтоҷи кумаку дастгирӣ мешаванд. Дар ин ҳол онҳо ҳар маслиҳату кумакеро бо ҷону дил қабул мекунанд. Гуруҳҳои ҷиноӣ ва ифротиву экстремистӣ чунин наврасонро зуд пайдо мекунаду ба осонӣ ба доми худ меафтонанд, ки дар натиҷа сафи ҷинояткориву қонуншиканӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ зиёд мешавад.

Аз ин рӯ барои муътадил намудани вазъи чудошавии оилаҳо ва пешгирии ҷинояткориву қонуншиканӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳалҳо ба ақидаи мо бояд чунин корҳо анҷом дода шавад:

1.Таҳияи барномаҳо оид ба баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ва донишҳои равонӣ.

2.Дар назди шуъбаҳои кор бо занон ва оила, бахшҳои кор бо ҷавонон кумита дин ва ҷашну маросимҳо мунтазам доир намудани машваратҳо оиди маърифати оиладорӣ.

3.Омода ва нашр намудани мавод доир ба паёмадҳои ногувори ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он ва тариқи ройгон пешниҳод намудан ба падару модарон, бахусус ба навхонадорон.

4.Дар маҳалҳо таъсис додани гурӯҳҳои корӣ  аз намояндагони кумитаи маҳал, муассисаи таълимӣ, диндорон ва фаъолон доир ба ташкил ва гузарондани машваратҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таълиму тарбияи хонаводагӣ дар байни ҷавонон ва оилаҳои ҷавон.

5.Ташкил ва гузарондани озмунҳои гуногун дар маҳал, ноҳия ва сатҳи ҷумҳурӣ, аз қабили озмуни “Оилаи намунавии сол”.

6.Тариқи ВАО таблиғ намудани фарҳанги хонаводагии оилаҳои намунавӣ (барномаҳои маърифатӣ, филмҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра).

Хулоса, ба хотири он ки фарзандон ояндаи давлату миллатанд ва мактаби аввалину асоситарини таълиму тарбияи онҳо қасри муҳташами оила аст, бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ баҳри пойдориву устувории ин қаср кӯшиш ба харҷ диҳем.

Имомназари Холназар, омӯзгор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.