Тақвими рӯз: Аз мавлуди Муллоҷонов то рӯйдодҳои ҷаҳон

Имрӯз, 18  октябр мавлуд доранд:

Амонбек Қурбонбеков (1946), 75-солагии зодрӯзи доктори илми химия.

Мансур Муллоҷонов (1956), 65-солагии зодрӯзи наққош.

Исмоилҷонов Олимов (1936-2007), 85-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор.

Нафтулло Халфин (1921), 100-солагии зодрӯзи доктори илми таърих, профессор.

Иноятулло Ҳасанзод (1921), 100-солагии зодрӯзи файласуф.

18 октябр таҷлил карда мешавад:

 Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Озарбойҷон.

***

Дар ИМА- рӯзи Аляска.

Рӯйдод:

18 октябри соли 2011 Тоҷикистон, Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар ИДМ-ро ба имзо расониданд.

***

18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид.

***

18 октябри соли 1922 Иттиҳодияи радиошунавонии британиягӣ- «ВВС» таъсис ёфт.

***

18 октябри соли 2007 дар Покистон бузургтарин таркиш дар таърихи ин кишвар ба амал омад:  мошинҳои ҳамроҳикунандаи Беназир Бҳутто тарконида шуданд, ки бар асари он беш аз 130 нафар қурбон гардид.

***

18 октябри соли 1993 Латвия асъори нави худ – латро ҷорӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *