Тоҷикистон ба 52 давлат имтиёз дод (рӯихат)

Тоҷикистон ба 52 давлати ҷаҳон ниёзоми бе раводидро ҷорӣ кард. 

Аз оғози соли 2022  шаҳрвандони 52 кишвар имкон пайдо мекунанд, ки бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар кунанд. Дар ин замина қарори Ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст ва тибқи он муҳлати будубоши ин шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди кишвар як моҳ муқаррар шудааст. Аз ин имтиёз шаҳрвандони давлатҳои зерин метавонанд бидуни раводид ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд:

1. Австралия

2. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

3. Люксембург

4. Брунея

5. Кувейт

6. Қатар

7. Зеландияи Нав

8. ИМА

9. Исландия

10. Канада

11. Швейтсария

12. Малайзия

13. Венгрия

14. Астрия

15. Аргентина

16. Олмон

17. Доминикан

18. Индонезия

19. Италия

20. Португалия

21. Курёи Ҷанубӣ

22. Куба

23. Латвия

24. Литва

25. Малдив

26. Лаҳистон

27. Сингапур

28. Туркия

29. Филиппин

30. Финландия

31. Фаронса

32. Хорватия

33. Чехия

34. Чилӣ

35. Шри-Ланка

36. Эквадор

37. Эстония

38. Юнон

39. Лихтенштейн

40. Монако

41. Арабистони Саудӣ

42. Баҳрайн

43. Белгия

44. Дания

45. Испания

46. Нидерланд

47. Норвегия

48. Таиланд

49. Ҷордания

50. Шветсия

51. Ямайка

52. Ҷопон

Ҳадаф ин иқдом  ҷорӣ кардани сабукӣ, афзоиши вуруди сармоягузорӣ ва сайёҳони хориҷӣ ба кишвар гуфта мешавад. Айни замон Тоҷикистон бо 58 кишвари олам реҷаи бидуни раводиди дуҷонибаро дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.