Тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳоро хат заданд

(Порча аз суҳбати Шариф Ҳамдампур бо Георгий Зотов “Бозгашт аз дӯзах”. Матни пурраро дар шумораи имрӯзаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  мутолиа намоед)

— Бо намояндагони қавмҳои ғайр ҳамсуҳбат шудӣ?

— Бале, аз ҷумла бо тоҷикон. Вазъ бад. Мардум худро тасаруфшуда , (дар оккупатсия)  меҳисобанд. Ҳеҷбудагон соҳиби ҳама чиз шуданд. Ҳама ҷо пуштунҳо, дар бандарҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти низомӣ, муҳофизон. Сангро партоӣ сари пуштун меафтад. Тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, ҳазораҳоро аз ҳама кор дур андохтанд. Пуштунҳо омаданду қавмҳои дигарро ғасб карданд. Ҳарбиҳо собиқ 300 ҳазор буданд. Ҳамаро ронданд, ягон нафарро ба кор нагирифтанд. Зеро онҳо асосан аз қавмҳои ғайри пуштун буданд. Мегӯянд, ки онҳо бо амрикоиҳо буданд, ташаккур гӯянд, ки муҷозот нашуданд, ба хонаҳояшон ҷавоб додем. Дар ВКХ тоҷикон ҳастанд. Зеро онҳо босаводанд, забон медонанд, кореро мекунанд, пуштунҳо карда наметавонанд.

Аммо дар соҳаи ҳарбӣ ҳама пушунҳо, ба тоҷикон роҳ нест. Вақто аз қавмҳои дигар, аз ҷумла, тоҷикон мепурсам, ки чаро чунин аст, онҳо мегӯянд, ки офарин ба пуштунҳо, дуруст мекунанд ё лаб мегазанд. Вақте ки зулм ҳаст, лабҳо баста мешаванд. Боз мегӯянд, ки Дӯстум, Исмоилхон, Ато Нур дар қаламрави худ фишор оварданд, ғорат карданд. Аз Толибон чӣ гила!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.