“Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони урду муаррифӣ шуд

Дар Китобхонаи миллии Покистон муаррифии нашри китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони урду баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, чорабинии мазкурро Сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегӣ, Исломобод танзим намудааст.

Дар чорабинӣ Вазири федералӣ оид ба масъалаҳои парламентӣ/Мушовири Сарвазири Покистон Зоҳируддин Бабар Аван иштирок намуда, суханронӣ кардааст. Дар рафти суханронӣ Вазири федералӣ дар робита ба дастовардҳои арзандаи роҳбари давлати Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ ва нуфузи ӯ дар минтақа ва ҷаҳон махсусан қайд намудааст.

Дар баромади худ Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин ба ҳозирин маълумоти мухтасарро оид ба китоб пешкаш намуда, қайд кардааст, ки нашри урдуи китоб баъд аз нашрҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва фаронсавӣ ба чоп расидааст.

— Миқдори муайяни нусхаҳои китоб ба Китобхонаи миллии Покистон тақдим карда шуданд, ки ин барои дастрасии китоб ба давраи васеи хонандагон имконият фароҳам меорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *