Собиқ Президенти Қирғизистон ба иштибоҳаш қоил шуд
Президенти нахустини Қирғизистон Аскар Акаев дар мусоҳиба бо хабаргузории олмонии Deutsche Welle додани иҷоза ба Freedom House барои боз кардани нашриётро бузургтарин иштибоҳи худ номид.
Акаев инқилоби “лолаӣ”-и соли 2005-ро ба кори нерӯҳои беруна шарҳ дод, ки пас аз “инқилоби садбаргӣ”-и Гурҷистон ва инқилоби “норанҷӣ” дар Украина мехостанд дар Ӯзбекистон табаддулот ташкил кунанд ва чун ноком шуданд, ба Қирғизистон рӯ оварданд.
«Фикр мекунам, ки ман бо додани иҷоза ба Freedom House барои нашр кардани рӯзномаҳо, хато кардам. Ба онҳо озодии зиёд додам ва онҳо ба чопи ҳама рӯзномаҳои мустақил шурӯъ карданд. Онҳо миллионҳо рӯзномаро бепул чоп мекарданд, ки он ҷо дар бораи мо, дар бораи оила ҳар гуна тӯҳмат менавиштанд», — нақл кард Акаев.
Ба гуфтаи ӯ, сарони кишварҳои ҳамсоя низ аз кори ин чопхонаҳо норозӣ буданд, зеро дар Қирғизистон нашрияҳои мухолифи мамнӯъ дар ин матбааҳо чоп шуда, баъдан дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон паҳн мешуданд.
«Рӯзе Нурсултон Абишевич (Назарбоев. – шарҳ аз идора.) ба ман занг зада мегӯяд: «Гӯш кун, демократ, демократияро дар хонаат мекунӣ. Чаро дар мо? Дар матбааи шумо рӯзнома чоп шуда буд, ки маро танқид карданд: «Ислом Абдуғаниевич (Каримов. — шарҳ аз идора.) ҳам ҳамин тавр гуфт. Чунин иштибоҳ буд», — навиштааст «Спутник» дар такя ба расонаи олмонӣ аз нақли Акаев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ