Собиқ вакили Парлумон аз олам даргузашт

Шодибек Ахмедов, собиқ вакили Парлумони Тоҷикистон дар синни 66 – солагӣ аз бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузаштааст. Марҳумро субҳи имрӯз, 31-уми июл   дар қабристони «Таги камар» ба хок супориданд.

Шодибек Ахмедов, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мактаби олии партиявии шаҳри Тошканд мебошад.

Марҳум фаъолияти кориашро ба ҳайси аграном аз колхози ба номи Рӯдакӣ оғоз намудааст.

Шодибек Ахмедов дар вазифаҳои гуногун дар Комитети шаҳрии шаҳри Панҷакент кору фаъолият намуда, то ба мансаби котиби якуми бахши панҷакентии ҳизби коммунист расидааст.

Номбурда соли 2000-ум аз ҳавзаи интихоботии №21, вакили намояндагон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Шодибек Ахмедов, молики яке аз марказҳои хизматрасонии замонавӣ бо номи «Умариён» дар шаҳри Панҷакент буд.

Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ба пайванду наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *