Содалавҳ Ё бечоранолии ғаразнок

Дар замони пур аз адолати иҷтимоии шӯравӣ ашхоси чоплусу тарсончак ва дурӯя дар идораю муассисаҳо ва корхонаҳо аз мардуми содалавҳ истифода бурда, ба мақсадҳои ғаразноки худ  расиданӣ мешуданд. Чӣ тавр?

Онҳо медиданд, ки фалон ҳамкорашон  росткирдор асту камбудиҳои роҳбарон ва кори онҳоро нотарсона дар рӯяшон мегӯянд, аз камбудию нуқсонҳои коргаҳ бечоранолӣ карда, он содаро гумроҳ мекарданд, ки аз камбудиҳо дар маҷлис нотарсона сухан гӯяд. «Мо ҳатман шуморо дастгирӣ мекунем, — бовар мекунонданд дурӯяҳо. – Дигаронро садқаи номи коммунист кунад, ба билети партиявӣ барҳақ  шумо арзандатар ҳастед!»

Аммо… аммо чун дар маҷлис он содалавҳ камбудиҳоро мегуфт, бечоранолҳо муши мурдаворӣ хомӯширо ихтиёр мекарданд, об ба даҳон мегирифтанд. Натиҷа: содалавҳ ба рӯйхати сиёҳи роҳбарият афтида, ҳам обрӯяшро аз даст медоду ҳам вазифаашро. Ҳатто бо баҳонаи ночизе аз кор ронда мешуд…

Мутаассифона,  дар даврони соҳибистиқлолӣ  сафи дурӯябозону буздилон чи дар макоми ҳукуматию давлатӣ ва чи дар сохторҳои хусусӣ даҳчанд афзудааст. Аз бечоранолии онҳо  вазъи озодии сухан хеле танг кунонида шуда, ба рушди  ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ монеаҳо эҷод мегардад. Ин вазъи нигаронкунандаро, пеш аз ҳама намояндагони васоити ахбори омма, мушоҳида мекунанд. Чун  сафи содалавҳони  каҷнишини ростгӯ  дар ҷомеа тухми анқо шуда, мусоҳиби дирӯза аз далелҳои ба забоновардааш  сар метобад,   шоҳиди ҷиноят ба қасами дар мурофиаи судӣ хӯрдааш устувор намемонад, кормандони сохторҳои хусусӣ   аз  рухсатии қонунии меҳнатиашон истифода карда наметавонад…

Ҳафтае пеш аз ин бо фаъолияти варзишгари ҷавони умедбахши варзиши сабук шинос шуда, сабабҳои аз тарафаи мақомоти варзиш дастгирӣ наёфтанашро ошкор намудам. Варзишгару мураббиаш ба унвони роҳбарони соҳа хеле бечоранолӣ карда, ҳатто оби чашм рехтанд. Ваъда доданд, ки аз шикояту ҳасратҳои ба забоновардаашон рӯ наметобанд.

Аммо саҳари рӯзи дигар дар гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ аз рӯзноманигор боисрор хоҳиш карданд, ки гуфтаҳояшонро ба табъ нарасонад. «Мо ба таърифу тавсиф ва дастгирии шумо ниёз надорем. Намехоҳем, ки аз дахолати газета муносибатамон бо роҳбарияту масъулон бад шавад ва моро чап гиранд, — суханҳояшонро пас гирифтанд онҳо.

Содалавҳ нашавед, ки бечоранолон ба кори худ ҳушёранд!

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *