Содир Ҷабборов: То сари қудратам, Ташиев мемонад

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сарусадоеро, ки гӯиё президент ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Қамчибек Ташиев ҷанҷол кардаанду ба тақсими қудрат шуруъ намудаанд, дурӯғ гуфт. 

«Ӯ бе чуну чаро ҳама дастурҳои маро иҷро мекунад, зеро ман ба манофеи шахсӣ дастур намедиҳам. Ҳама чиз дар доираи манфиатҳои давлат анҷом мешавад»,- афзуд Ҷабборов.

Вай тавзеҳ дод, ки гуруҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд ӯро бо Ташиев вориди ҷанҷол кунанд. «То даме, ки ман дар сари қудрат ҳастам, Ташиев ҳам дар сари қудрат хоҳад буд»,- гуфт Ҷабборов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *