Садои сахтӣ таркиш сокинони Теҳронро ба таҳлука овард

Расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ субҳи имрӯз 26-уми июн аз садои даҳшатноки таркиш ва мушоҳидаи нури норинҷӣ дар шарқи шаҳри Теҳрони Эрон иттило доданд, хабар медиҳад Озодӣ.

Тавре манбаъ аз забони як сухангӯи Вазорати дифои Эрон хабар медидад, ин садои таркиши як махзани газ дар минтақаи умумии Порчин будааст ва талафоте надошт.

Довуд Абдӣ, мудири кулли робитаҳои умумии вазорати дифои Эрон гуфтааст, «таркиши шарқи Теҳрон дар як махзани газ рух дод ва аз сӯи нерӯҳои оташнишон пешгирӣ ва хомуш карда шуд». Вай дар идома гуфтааст, ин таркиш «ҳеҷ талафоте» надоштааст ва таҳқиқ дар бораи сабабҳои он оғоз шудааст.

Хабаргузории эронии «Меҳр» пештар навишта буд, нимашаби ҷумъа ҳамзамон бо мушоҳидаи нур бузурги норинҷӣ дар осмон, садои даҳшатноке дар шарқи Теҳрон шунида шуд. Ин хабаргузорӣ изофа кардааст, ин садо дар ноҳияҳои атрофи Теҳрон низ шунида шуд.

Хабаргузории «Форс» низ мегӯяд, дар наворҳои видеоии фиристодашуда аз сӯи корбарон, ин нур ба муддати чанд сония мушоҳида мешавад.

Номи пойгоҳи низомии Порчин дар ҷануб-шарқи Теҳрон пештар дар гузоришҳои вобаста ба бозрасии Оҷонис байналмилалии энержии атомӣ ва ҳамчунин озмоишҳои вобаста ба аслиҳаи ҳастаӣ матраҳ шуда буд.

Оҷонси байналмилалии энержӣ дар соли 2011 дар гузорише гуфта буд, ки мумкин аст дар як даҳаи гузашта Эрон дар пойгоҳи низомии Порчин озмоишҳои атомӣ анҷом дода бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *