Сокинони деҳаи Мазичи Айнӣ дар миёни сел банд мондаанд.

Сокинони деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ дар пайи омадани сел шабро берун аз хонаҳояшон дар зери сақфи осмон рӯз кардаанд.

Бар асари омадани сел дар ин деҳа як қисм хонаҳо вайрон шуда, аҳолӣ бе хонаву дар мондааст. Сокинони ин деҳа мегӯянд, ки аз чанд самт сел омада, комилан гирди диҳаро гирифтааст. Куприки деҳа ва роҳҳои пайвастшавӣ ба ноҳия низ комилан аз байн рафтаанд. Сокинон ба сабаби аз байн рафтани роҳҳо дар байни  куҳпора ва дарё банд мондаанд. Эҳтимоли такрори борон ва омадани сел ҳанӯз вуҷуд дорад.

Сокинон аз он нигаронанд, ки бо боридани боронҳои шадид мумкин аст, боз сел ояд ва қисматҳои дигари деҳаро пурра бигирад.

Дар суҳбат бо расонаҳо Шоисат Ҷабборова, омӯзгори синфҳои ибтидоии ин деҳа гуфт: «Рӯз надорем, ҳол надорем, дар кӯчаҳо, дар кӯҳҳо зери борон мехобем…» Вай илова кард:»Мо дар ҳамон тагоб қариб 5 акаву додар зиндагӣ мекунем, ба хонаҳоямон зарар расид, ҳам аз таҳ, ҳам аз боло ва ҳам аз миёна аз се тараф сел зада истодааст, имконияти ягон тараф рафтан надорем, на тарафи Душанбе, на тарафи Хуҷанд ва на тарафи кӯҳ» .

Ин сокини деҳаи Марзич афзудааст, ки ҳоло 70 нафар дар зери борон дар кӯҳҳо хобанд, ки дар байни онҳо кӯдакон ва кӯдакони навзод ҳам ҳастанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба деҳа омада, маҷрои дари басташудаи деҳаро ба воситаи таркондан боз кардаанд.

Сокинони ин деҳа дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки ниёзманди кӯмак ҳастанд ва бояд ҳарчӣ тезтар масъулин ба кӯмак шитобанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *