Аюб Усмонзода

Соли таърихӣ ва бобарор барои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Соли 2022 барои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хотирмон ва таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар ин сол аз таъсисёбии ин маркази соҳибнуфузи илму маърифат 90 сол пур гардид.

Дар ин соли барои устодону донишҷӯён таърихӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил гардид, ки ин яке аз рӯйдодҳои муҳими самти таълим дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбад.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ тайёр намудани кадрҳои тахассусманди омӯзгориву техникӣ мунтазам корбарӣ намуда, дар ин замина барои таъсис ва ба фаъолият шуруъ намудани  факултети нави муҳандисӣ-техникӣ (рӯзона ва фосилавӣ) дар ноҳияи Ҷаббор Расулов заминаи мусоид фароҳам овард, ки аз татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Афзун бар ин, таъсиси кафедраҳои иттилоот ва технологияҳои робитавӣ, назарияи физика, лабораторияи методикаи таълими физика (механика ва физикаи молекулявӣ) ва ихтисосҳои системаҳои радифӣ ва рӯизаминии алоқаи мобилӣ, таълими касбӣ (агромуҳандисӣ) ва биоэкология, забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти ӯзбек, забони англисӣ, таълими касбӣ (энергетика), таҳсилоти ибтидоӣ, санъати тасвирӣ, эпидемиология аз ҷумлаи инҳост, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои бозори меҳнатӣ мебошад.

Феълан дар донишгоҳ аз 904 нафар теъдоди умумии омӯзгор 54 нафар доктори илм, профессор, 413 нафар номзади илм, дотсент, 216 нафар сармуаллим ва 221 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 51,7%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯён 24511 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 12238 нафар (3653 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12273  нафар (3092 буҷавӣ) дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамоянд.

Тибқи квотаи Президентӣ 800 нафар, аз онҳо 461 нафар духтар дар шуъбаи рӯзона ва 14 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Миқдори хатми донишҷӯён дар донишгоҳ сол то сол меафзояд, ки ин нишондод дар таъмини кадрҳои соҳибтахассус мусоидат менамояд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар татбиқи барномаҳои давлатии солҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва солҳои 2022-2026 — «Солҳои рушди саноат» саҳми арзишманд гузошта истодааст. Дар робита ба ин донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи ҷадиди «Системаи таҳсилоти фосилавӣ» соҳиби Шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот гардид. Барномаи пешниҳодшуда ба донишҷӯёни шуъбаи фосилавии донишгоҳ имкон медиҳад, ки бо маводи таълимӣ дастрас ва дар як вақт ба тариқи онлайн санҷишу имтиҳонҳояшонро супоранд.  

Соли 2022 дар донишгоҳ соли баланд бардоштани сатҳу сифати таҷрибаомӯзӣ эълон шуд. Ин ташаббус дар доираи татбиқи «Консепсияи рушди сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2021 — 2025» роҳандозӣ гардид. Дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ донишгоҳ бо беш аз 109 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамкории судманд дорад.

Дигар аз воқеаҳои муҳим дар раванди таълими донишгоҳ ифтитоҳи як қатор лаборатория ва маркази тадқиқотӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ — таҳлилӣ ифтитоҳ гардид. Озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаҳои «ТЕМПУС» ва «ЭРАСМУС+» бо як қатор таҷҳизоти замонавӣ  таъмин карда шуд.

Давоми соли 2022-юм 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар бо Медали хидмати шоиста, як нафар Ордени Шараф дараҷаи 2, 17 нафар бо Ифтихорномаи раиси вилоят ва раиси шаҳри Хуҷанд, 31 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар — ҷоизаи вилоятии ба номи «Камоли Хуҷандӣ», 2 нафар — ҷоизаи вилоятии ба номи «Бобоҷон Ғафуров», 1 нафар — ҷоизаи ҲХДТ дар соҳаи адабиёт ба номи «Абдуманнон Насриддинов», 1 нафар — ҷоизаи ҲХДТ дар соҳаи таърих ба номи «Абдуллоев Сайдулло», 1 нафар — ҷоизаи ҲХДТ дар соҳаи санъат ба номи «Ҳакимов Наим», 2 нафар — медали «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ» 8 нафар бо ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардида, 1 нафар ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 6 Шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфтанд, ки падидаи хуби илмӣ ба шумор меравад. Ба воситаи Шӯроҳои мазкур дар давоми соли таҳсили ҷорӣ 2 рисолаи докторӣ ва 17 рисолаи номзадӣ ба дифоъ расиданд.

Айни ҳол дар донишгоҳ се Институти илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мебаранд, ки дар давоми соли ҷорӣ ба воситаи кормандони институтҳои мазкур 10 китобу монография, 230 мақолаи илмӣ ба нашр расида, 2 конференсияи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Давоми соли 2022 дар озмунҳои гуногун 215 нафар донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд. Бояд қайд кард, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат донишгоҳи мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми аввал, «Илм-фурӯғи маърифат» мақоми дуюм ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид.

Ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо зиёда аз 100 муассисаи таҳсилоти олӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии мамолики хориҷ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар ҳошияи шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ бо Донишгоҳи Лиаодонги Чин 22 нафар донишҷӯи донишгоҳ барандаи бурсияи пурраи «Омӯзгори забони чинӣ» гаштанд.

Дар асоси ҳамкориҳои муштарак такмили ихтисоси онлайнии омӯзгорон бо Донишгоҳи Вятски Федератсияи Русия дар масоили омӯзиши забони русӣ ва англисӣ мебошад, ки дар он беш аз 15 нафар ва дар дигар семинару конфронсҳои такмили ихтисос зиёда аз 10 нафар устодону, омӯзгорон ва пажуҳишгарони ҷавони донишгоҳ иштирок намуда, дар самти илмҳои ҷомеашиносӣ, забоншиносӣ, табиатшиносӣ, иқтисодӣ, технологияи иттилоотӣ, педагогика ва психология соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд.

Раёсати донишгоҳ дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҷдиди назар намудани лоиҳа (бинои асосӣ) ва сохта ба истифода додани бинои таълимӣ, маҷлисгоҳ ва биноҳои ёрирасон дар ҳудуди донишгоҳи мазкур корҳои заруриро анҷом дод.

Лоиҳаҳои ангорӣ ва тарҳи бино аз ҷониби Институти лоиҳакашии «САНИОС» таҳия гардида, аз озмуни Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тибқи Қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 26-уми октябри соли 2022, №433 «Дар бораи додани иҷозат барои лоиҳакашӣ ва сохтмон» ба донишгоҳ барои лоиҳакашӣ ва сохтмони бинои таълимии №3, маҷлисгоҳ барои 1200 нафар ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, маркази тестӣ, долони пайвастшавии байни ду бинои таълимӣ, ҷой барои истироҳати таълимгирандагон ва азнавсозии майдончаи варзишӣ иҷозат дода шуд.

Лоиҳаи бинои мазкур аз 9 ошёна ва таҳхона бо 110 синфхона барои 4000 донишҷӯ ва 7 факултет бо масоҳати зери бино 2494 м2 ва масоҳати умумии бино 21190 м2 пешбинӣ шудааст.

Ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки тамоми биноҳои таълимӣ ба як маҷмааи муттаҳид ва комилу ягона табдил ёбанд, ки туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ хоҳад буд.

Усмонзода Аюб Ислом,

ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *