Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷудои Осиё шуд
Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.
Дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм Сомон бар намояндаи Қазоқистон Абулайхан Жубаназар дастболо шуд. Бояд гуфт, ки Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг аз рӯзи 20 апрел оғоз гардида, то 23 апрел идома меёбад.
Дар Чемпионати қора ҳамагӣ 272 варзишгар аз 36 кишвар иштирок мекунанд. Қувваозмоиҳо дар ҳисоби инфиродӣ ва дастаҳои омехта гузаронида мешаванд.
Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 9 варзишагр номнавис шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ