«Соро компания» маротибаи сеюм суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд
«Соро компания»-и Душанбе соли сеюм ва пайиҳам барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон шуд. Ин дафъа шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи медали нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон — дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 пирўзӣ ба даст оварданд.
Бозӣ барои Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2023 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, 1200 тамошобинро ба ҳам овард. Чӣ тавре ки интизор мерафт, вохўрӣ шавқовар гузашт ва тамошобинонро то сонияҳои охир ба ваҷд овард.
Голҳоро аз ҳайати «Соро компания» легионерҳои эронӣ Муҳаммад Гированд ва Муҳсин Муҳаммадзода, инчунин Дилшод Саломов ба самар расониданд. Аз ҳайати «Истиқлол» Комрон Алиев ва Насратшо Исмоилов муаллифи гол шуданд.
Беҳтарин дарвозабони бозии Суперҷом дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ дониста шуд. Ҷоизаи «Fair Play» ба бозигари «Истиқлол» Комрон Алиев тақдим гардид. Беҳтарин бозигари вохўрӣ ҳимоятгари «Соро компания» Дилшод Саломов эътироф шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ