SOS: Бемории бадахлоқӣ ба ҷомеа сироят мекунад. Ноболиғон озори ҷинсӣ мебинанд

Рӯзҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди таҷовузи духтаракони хурдсол аз ҷониби бархе аз ҳайвонсирату  ақлбохта, хабару гузоришҳои дардноку ҷонсӯз ба нашр мерасанд: Таҷовуз ва баъдан ба қатл расонидани духтарчаи 11 — сола дар ноҳияи Рӯдакӣ, мавриди таҷовуз қарор гирифтани духтарчаи сесола  дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, аз ҷониби ҳоҷии фосиқу каҷраве иҷборан ба никоҳ даровардани духтарчаи 11 — сола ва дар шаҳри Турсунзода таҷовузи як духтарчаи сесола аз сӯи аммаву амакаш ва даҳҳо ҳодисоти нангини дигар… Дар маҷмӯъ, аз чунин фасодкориҳои чанде аз фосиқу худбехабару Худонотарс,  доғи сиёҳ бар ҷону тани миллат мерасад…

Аз рухдоди чунин ҳодисоту воқеоти нангин, агар аз як сӯ, иллат ба миллат расад, аз сӯи дигар, таҳлукаву даҳшат фазои беғубори кишварро ғуборолуд  карда, боварӣ миёни наздикону пайвандону ҳаққу ҳамсояҳо коста мегардад. Аз чунин вазъи нанговар мардум дар шигифтанд, ки  чаро бештар аз ҳама атфолу ноболиғон мавриди таҷовузу озори ҷинсӣ қарор мегиранд ва чаро ниҳодҳои қудратӣ имкону тавони пешгирӣ аз чунин ҳодисотро надоранд?

Аксар вақт мутаассифона, он чиз ба назар мерасад, ки арзу доди ҷабрдидаҳо бо ҳар гуна сабабҳои маълум ва номаълум мавриди тафтишу санҷиши ниҳодҳои қудратӣ қарор намегирад ва дар чунин ҳолот мардум ягона муттакои дил, қиблаи умеду инсони дардошнову дилошно Сарвари давлатро интихоб мекунанд.

Чанде пеш мӯйсафеде аз шаҳри Турсунзода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди таҷовузи набераи сесолааш аз ҷониби хешовандонаш ва фориғболиву бепарвоии мақомоти қудратии шаҳри Турсунзода нисбат ба ин қазия, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда буд. Мӯйсафед ашкрезон изҳор дошт, ки аз ҳодисаи таҷовуз ба номуси наберааш ҳарчанд 36 рӯз сипарӣ гашта бошад ҳам, аммо то ба ҳол ниҳодҳои қудратӣ нисбат ба гунаҳкорони қазия чорае наандешидаанд.   Ба гуфтаи мӯйсафед, оилаи онҳо нодору камбизоатанд, аммо гунаҳкорон, ки дар ихтиёр пулу молу сарват доранд, санади сохтакоронаи табибон дастрас кардаанд, ки гӯё он ду нафар таҷовузгар рӯҳан беморанд. Гунаҳкорон дар озодианд, аммо тифлаки озори ҷинсидида чаҳор маротиба амалиёти ҷарроҳӣ аз сар гузаронида, бистарӣ дар беморхона аст. Ростӣ, ки аз тамошои навор ва гиряву нолаи мӯйсафед қалби ҳар бинанда реш-реш мегардад.

Муроҷиати мӯйсафеди дар ғами набера сӯхтавуобуадогашта ва дигар ҳодисаҳои нангине, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расида, боиси таҳлука миёни ҷомеа гаштаанд,  худи ҳамон лаҳза дар ҷаласаи кории Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо иштироки масъулини Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори генералӣ ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бино ба иттилои хабарҳои банашррасида, зимни ҳисоботи прокурори генералӣ маълум гашт, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода содиршуда аллакай шахсони гумонбар дастгир шуда, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Перомуни масъалаи нангин раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузориш додаанд.

  Раиси Маҷлиси миллӣ  Рустами Эмомалӣ аз ниҳодҳои қудратии кишвар қотеъона талаб намудааст, то ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисоти нангин нисбат ба атфол чораандешӣ кунанд. Зеро ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ, «Содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешавад, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозад ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонад».

Воқеан ҳам, чӣ омил аст, ки имрӯз дар аксар мавридҳо бештар атфол, бахусус духтаракони хурдсол мавриди таҷовуз қарор мегиранд? Айби волидайн, ки нисбат ба атфоли худ бепарвоанд?  Иллати бекорӣ, косташавии ахлоқи ҷавонон ё омилҳои дигар? Ё бемории фаҳшомания зуҳур кардаву қишри шаҳватпарастро сироят кунонидааст? Фикр мекунам дар ин ҳодисаи рухдода ҳама гунаҳкоранд: Ҳам оилаи тифли ҷабрдида, ки нисбат ба тифли хонадон бепарвоӣ зоҳир карданд,  ҳам атрофиёну ҳамдеҳагон, ки нақши тамошобинро бозиданд, ҳам табибоне, ки иснод ба савганди хӯрдаашон оварда, пуштибонӣ аз ҷинояткорон намуданд ва ҳам мақомоти қудратӣ, ки шояд ба хотири қонеъгардонии нафсашон санҷиши парвандаро ба дарозо кашиданд… ва садҳо омилҳои дигар, ки сарчашмаи он ҳама нафс аст. Хеле пурдард аст вақте аз забони масъуле мешунавӣ, ки мегӯяд: -Тақдири тифлак ҳамин будааст, магар метавон тақдирро тадбир кард…

Аммо не, набояд дар муқобили чунин корҳои нангин бетарафӣ интихоб кард, зеро бетарафӣ бешарафист. Фикр мекунам, ҳар гуна озори ҷинсиву таҷовуз бар номуси атфол бояд ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ гардад, зеро иҷборан мавриди озори ҷинсӣ қарор додани атфолро ҷуз террор наметавон чизи дигар маънидод кард. Пас, дар баробари ин теъдод аз террорист-шаҳватпараст, хонаводаи онҳоро низ мебояд дар маҷлиси маҳаллаву шаҳру деҳот муҳокима кард, то он дарду доғи волидайни духтарчаҳои таҷовузшударо дар рагу пайи хеш эҳсос кунанд…

Чаро имрӯз ҳарфу сухани устодони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ, сарварони маҳаллаҳову фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дигар таъсирбахш нест: Бо корду дигар асбобҳои халандаву буранда донишҷӯёну хонандагон гурӯҳ- гурӯҳ ба ҳам дармеафтанд, даст ба қатлу куштор мезананд, дар кӯчаву бозору дохили нақлиёту дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавонони сармаст духтаракону занонро мавриди дашному ҳақорату таҳқир қарор медиҳанду нафаре ҳам ёфт намегардад, ки ҷилави он бодовардаҳо кашад?  Шукр, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иқдоми хуберо роҳандозӣ кардааст, ки ба ҳар сабти видеоии тариқи интернет пахшгаштаи теъдоде аз ронандаҳои бадахлоқ ва ҷавонони хушунаткор сари вақт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин теъдод нафспарварро боздошт ва ба муҷозот мекашанд. Аммо бо як гул баҳор намешавад!  

Чаро дар муқобили ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонону наврасон пешбурди корҳои таблиғотӣ ҷавобгӯ ба талабот нест, дар ҳоле ки теъдоде аз “фаъолон”-и ҷамъиятӣ ба хотири “таълиму бозомӯзии ҷавонон” (фиреби назару фоида ба даст овардан), гранту садақапулиҳо аз ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ дастрас мекунанду аммо корашон самар надорад? Бо чунин рафтору бетарафии худ хок бар чашми кӣ пош медиҳем? Албатта ба худ!

  Аз чунин фасодкориҳои ахлоқӣ дар ҷомеа бадхоҳони миллат қабат – қабат гӯшт мегиранд ва аз дуриҳои дур истода, санги таънаву маломат сӯи кишварамон партоб мекунанд ва дар ҳисоботу маърӯзаҳои худ ба хоҷагонашон иттилоъ ва гузориш медиҳанд, ки фасод Тоҷикистонро побанди худ кардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки миллати моро ҳамчун миллати тамаддунофару соҳибмаърифат мешиносанд, баъд аз тамошои наворҳои фаҳшомез, бахусус таҷовузи атфол чӣ таассуроте аз Тоҷикистон ҳосил мекунанд? Пас, ба хотири ҳифзи номи неки миллат мебояд теша бар решаи  ниҳоли манҳус зад, то ҳосили талху сироятбахш ба бор наорад?! 

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *