Созиши 3 кишвар барои бунёди неругоҳи “Қамбарота 1” (аудио)
Вазирони энергетикаи Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон харитаи роҳи амалисозии тарҳи сохтмони неругоҳи “Қамбарота 1”-ро имзо карданд.
Ин тавофуқ 6-уми январи соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои Вазорати энергетикаи Қазоқистон, дар доираи харитаи роҳ ҷонибҳо дар бораи шартҳои асосии амалисозии тарҳ ба созиш расиданд ва қадамҳои баъдиро барои сари вақт ба кор даровардани неругоҳ муайян карданд.
«Қамбарота-1 бояд бузургтарин неругоҳи Қирғизистон шавад. Ин неругоҳ имкони бо барқ таъмин кардани кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам меорад ва таъмини минтақаро бо об муътадил мегардонад», — омадааст дар хабари вазорати энергетикаи Қазоқистон.
Таалайбек Иброев, вазири энергетикаи Қирғизистон гуфтааст, “Қамбарота-1” барои ҳамаи кишварҳо фоидаовар хоҳад буд. Ин неругоҳ камбуди неруи барқро дар Қирғизистон аз байн хоҳад бурд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2022 президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сохтмони неругоҳи “Қамбарота 1”-ро дар вилояти Ҷалолобод оғоз бахшида буд. Сарбанди ин неругоҳ 256 метр ва обанбори он барои 5,4 млрд метри мукааб об пешбинӣ шудааст. “Қамбарота-1” бо иқтидори 1860 мегаватт ва истеҳсоли 5,6 млрд киловатт/соат барқ сохта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ