Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳабиб Эмелиянкоро аз худ боло гузошт

Ҳабиб Нурмагамедов, қаҳрамони феълии муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук дар як нишасти матбуотӣ Фёдор Эмелиянкоро аз худ боло донист. Дар ин бора хабаргузории “Спорт. Ру” иттилоъ медиҳад.

Вақте дар нишасти хабарӣ аз Ҳабиб мепурсанд, ки кадом ҷанговари ММА-ро аз худ болотар меҳисобӣ? Ӯ дар ҷавоб мегӯяд: “Эмелиянкоро, зеро вай тайи 10 сол, яъне аз соли 2000 то 2010 тамоман шикаст нахӯрда буд. То ҳол ба синну солаш нигоҳ накарда дар мусобиқаҳо иштирок мекунад ва шарафи ватанро ҳимоя мекунад, пас ӯ аз ҳама болотар аст”.

Бояд гуфт, ки Фёдор дар 45 мусобиқа 39 маротиба рақибони хешро мағлуб намуда, 6 маротиба ба шикаст мувоҷҷеҳ гардидааст. Ҳабиб Нурмагамедов бошад, дар 28 мусобиқа боре ҳам шикаст нахӯрдааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.