Ҳабиб Нурмагамедов ба Амрико рафт

Имрӯз  Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов барои омодагӣ бар муқобили ҳарифи амрикоиаш — Тони Фергюсон ба ИМА сафар кард. Хабар медиҳад varzishtv.tj

Тибқи иттилои манбаъ Ҳабиб Нурмагомедов дар Сан-Хосе (Калифорния) дар толори American Kickboxing Academy тамринҳои хешро шуруъ мекунад. 

Ёдовар мешавем, ки муҳориба миёни Ҳабиб ва Тони 18 апрел дар майдони Вarclays Center дар Ню-Йорк баргузор мегардад ва аз 31 январи соли равон чиптаҳо ба фурӯш баромада буданд. Чиптаҳои муҳорибаи мазкур аз 159 то 11 ҳозору 157 доллар арзиш доранд.

Айни ҳол дар ҳисоби Ҳабиб Нурмагомедов 28 пирӯзӣ дар 28 рақобат ба қайд гирифта шудааст. Тонии 35-сола бошад, аз 25 дидори баргузорнамудааш, дучори се бохт шудааст. Хотиррасон мекунем, ки рақобати Ҳабиб ва Тони санаи 18-уми апрел дар Нью-Йорки ИМА доир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *