11 ҳазор доллар чиптаи муҳорибаи Тони ва Ҳабиб

Чиптаи муҳорибаи қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагаммедов ва Тони Фергюсон 11 ҳазору 157 доллар муқаррар шуд. Дар ин бора хабаргузории Eurosport.ru иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки чиптаҳо шурӯъ аз 31 январ ба фурӯш мебароянд ва арзиши онҳо аз 159 то 11 ҳазору 157 доллар хоҳад буд. Бояд гуфт, ки узви клуби Fight Club Membership онро арзонтар ба $92-ӣ метавонанд харидорӣ кунанд.

Қарор аст, ки муҳориба байни Ҳабиб ва Тони 18 апрел дар майдони Вarclays Center-и Ню-Йорк баргузор мешавад.

Ташкилотчиёни UFC пештар борҳо кӯшиши баргузор намудани муҳорибаи ин ду варзишгарро карда буданд, аммо муҳориба бо далели ҷароҳат бардоштани Ҳабиб ё Тони лағв мешуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Фергюсон низ яке аз ситораҳои муҳорибаҳои омехта буда, дар 25 сабқат 3 бор шикаст хӯрдаасту халос. Ҳабиб 31 сол дорад ва дорандаи камарбанди UFC мебошад. Дар 28 муҳориба боре мағлуб нагашааст, аммо Тони пештар бо боварӣ гуфта буд, ки бо истифода аз тактикаи махсус Ҳабибро шикаст медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *