8 январ — вохӯрии футболбозони 17-солаи Тоҷикистон ва Юнон

Дастаи мунтахаби ҷавонони 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол аз 2-юми январ даври дуюми омодагии худро ба мусобиқаи байналхалқӣ ба хотири гиромидошти аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин оғоз кард.
Сармураббии даста Виталий Левченко ба ҷамъомад, ки дар пойтахти кишвар даъват шудааст, 22 нафар футболбоз – 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳуҷумкунандаро ҷалб кардааст. Аз инҳо 18 нафар ба Санкт-Петербург — макони баргузории мусобиқа, сафарбар карда мешаванд.
Ин давраи омодагӣ дар шаҳри Душанбе то 7-уми январ давом мекунад, ки баъди он даста ба Русия барои ширкат дар ин мусобиқа сафар мекунад.
Дар даври якуми омодагӣ даста ду вохўрии санҷишӣ гузаронд. Вохўрии якум бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар бозии дуюм шогирдони Левченко КМВА «Помир»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Дар рўзи 8-уми январ ҷавонони футболбоз бо дастаи ҳамсолонашон аз Юнон бозӣ мекунанд. Баъди ду рўз шогирдони Виталий Левченко бо дастаи Булғория ва 12 январ бо футболбозони ҷавонони Эстония ба майдон мебароянд. Дар сурати аз гурӯҳ баромадан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурўҳи «В» — Латвия, Беларус, Русия ё Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *