Қаҳрамони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммадов меҳмони хонаводаи Мирзиёев шуд

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони ҷаҳон оид ба разм (UFC- Ultimate Fighting Championship) дар шаҳри Тошканд меҳмони домодҳои Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон шуд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони ҷаҳон оид ба разм (UFC- Ultimate Fighting Championship) дар шаҳри Тошканд меҳмони домодҳои Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон шуд.

Дар аксе, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи худ дар Instagram мунташир кардааст, ӯ дар ҳалқаи домодҳои Мирзиёев қарор дошт.

Вай аз ифтор ба ифтихори ӯ ва оши самарқандӣ ибрози сипос кардааст.

“Бародарони гиромӣ, барои чунин меҳмондорӣ бароят ташаккур! Ҳавои Тошканд то андозае серун бошад ҳам, валеи оши самарқандӣ бадани маро тасфонд”-навиштааст Ҳабиб Нурмуҳаммадов.

Ҳабиб Нурмуҳаммадови доғистонӣ дар вазни сабуки UFC қаҳрамони ҷаҳон буда ва то ҳол дар мусобиқот мағлуб нашудааст.

Ин варзишгар пас аз пирӯзӣ бар варзишгари ирландӣ Конон МакГрегор дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико дар рӯзи 6 октябри соли 2018 дар кишварҳои пасшӯравӣ, бахусус, Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳбубият касб кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *