Антуан Гризманн ба “Барселона” гузашт?

Ниҳоятан гузариши қаҳрамони ҷаҳон-2018 Антуан Гризманн ба “Барселона” анҷом ёфт. Танҳо корҳои расмият мондааст, ки он ҳам рӯзи 1-уми июл дар назар аст.

Ниҳоятан гузариши қаҳрамони ҷаҳон-2018 Антуан Гризманн ба “Барселона” анҷом ёфт. Танҳо корҳои расмият мондааст, ки он ҳам рӯзи 1-уми июл дар назар аст.

Ёдовар бояд шуд, ки шартномаи Гризманн бо бошгоҳи “Атлетико Мадрид” то санаи 1-июли соли ҷорӣ амал мекунад. Аммо худи бозингар дар анҷоми мавсим аз тарк намудани дастааш хабар дода буд. Сару садоҳо оиди гузариши бозигари фаронсавӣ ба бошгоҳи “Барселона” ниҳоят ба нуқтаи ниҳоӣ наздик аст.

Тибқи маълумотҳо “Барселона” барои харидории ин бозигар 120 миллион евро бо ҷамъӣ иловапулӣ ба нақша гирифтааст. Дар мавсими имсолаи Ла Лига Испания Гризманн дар ҳайати бошгоҳи “Атлетико” 37 вохӯри гузаронида, ба задани 15 гол ва 9 партофти головар даст ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *