Бахилии англисҳо ба баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018

Англисҳо ба Маскав таҳдид, доранд, ки ба баргузоршавии чорабинии муҳими варзишӣ дар Русия — Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол монеа эҷод хоҳанд кард.
Аз ин амал Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир мақсад дорад, то фишорашро ба Русия дар бобати даст кашидан аз дастгирии минбаъдаи президенти Сурия Башар Асад маҷбур созад.
Вазири корҳои хориҷӣ Борис Ҷонсон изҳор кардааст, ки яке аз фишангҳои фишор ба Маскав бойкот эълон кардан ба қисмати финали Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар шаҳрҳои Русия мебошад.
Ба гуфти ӯ Маскав худаш гунаҳгор аст, ки
кишварҳои дигар бо ӯ муносибатҳояшонро торафт бад намуда истодаанд.
Пеш аз ин Украина, ки ба гумон аст мунтахабаш ба финали ЧҶ-2018 роҳхат бигирад, изҳор карда буд, ки
Чемпионати ҷаҳон-2018-ро дар Русия бойкот мекунад.
Ҳамзамон, сиёсатмадорону созмонҳои ҷамъиятии ИМА ва ҷонибдорони Вашингтон борҳо даъват намудаанд, ки Русияро маҷбур созанд, то аз баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол даст кашад. Бо чунин хоҳишу даъват ба кумиҷроияи ФИФА сенаторҳои амрикоӣ Марк Керк ва Дэн Коутс, ноиби сарвазири Британия Ник Клегг муроҷиат карда буданд, вале ҷавоби рад гирифтанд.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *