Бародарон Гуловҳо дар Рио мухлисӣ мекунанд

    Мухлисони асили варзиш ҳама вақт ба ин шуғли писандидаи худ содиқ мемонанд. Далели раднашавандаи инро аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки шореҳи маъруфи варзиш Нарзуллоҳи Латиф манзур намудааст, хонда метавонем.

Ба кувваозмоии муштзан Анвар Юнусов дар толори бокси Рио-де-Жанейро натанҳо ҳайати олимпии кишвар, инчунин чор тан мухлиси ашаддии варзиш  аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд низ ҳаводорӣ карданд. Онҳо бародарон Гулмаҳмад ва  Шоҳин Гуловҳо, шаҳрвандон Мӯсо Назиров ва Одил Охунов мебошанд, ки 2 августи соли равон ба пойтахти Бразилия ва Олимпиадаи тобистонаи  2016 – шаҳри Рио-де-Жанейро аз деҳаҳои Зарафшон и Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов расидаанд. Чорнафарон дар баробари ҳайати олимпии Тоҷикистон рақобати варзишгарони ҳамватан Анвар Юнусов ва Комроншоҳи Устопириёнро мухлисӣ намуданд.

Тавре Одил Охунов иброз намудааст, ҳар яки онҳо барои бо чаши хеш дидани маҳорати олимпичиёни ҳамватан, ба ғайри хароҷот барои хӯрок, 7 ҳазор долларӣ масраф кардааст. Мӯсо Назирови 75-сола иброз крдааст, ки аз тамоши Бозиҳои олимпӣ хеле қаноатманд аст, вале аз мағлубияти Анвару Комроншоҳ афсӯс мехӯрад. Итминон дорад, ки олимпичиёни боқимонда барои ҷоизаи олимпӣ тамоми маҳорату малакаашонро равона месозанд. Бисёр мехоҳем, ки бо онҳо сарбаландона ба Тоҷикистони азиз баргарданд.

Эмоми НАЗАРИЁН.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *