«Барселона» ҷойгузини Мессиро пайдо кард

Овозаҳои рафтани сарвони «Барселона»- Леонел Месси аз ҳайати даста, рӯз то рӯз ба ҳақиқат наздик мешавад. «Барселона» ҳам аллакай ба ҷустуҷӯи ҷойнишини Лео шуруъ намудааст, хабар медиҳад тв Варзиш.

Ба иттилои сомонаҳои англисӣ, каталониҳо ба ҳамлавари дастаи «Ливерпул» — Садио Мане таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Гуфта мешавад, ки роҳбарияти бошгоҳи “Барселона” ба Садио Мане пешниҳоди ҳамкорӣ намудааст. Бояд гуфт, ки «Ливерпул» арзиши трансферии Манеро 85 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Мане дар мавсими гузаштаи Премйер-лигаи Англия 35 маротиба вориди майдон гардида, ба задани 18 гол даст ёфтааст. Инчунин 5 партофти головарро низ ба номи худ мӯҳр задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *