Боксчӣ Лебедев бо қабурғаи шикаста ба беморхона афтид

Тавре хабар дода будем, 3-юми декабри соли равон дар шаҳри Маскав муштзани маъруфи Русия Денис Лебедев барои нигаҳдории унвони чемпиониаш дар фарзияи IBF бо мушзани ҷавон Мурат Гассиев набарди шадид орост.
Набарди ду боксчӣ 12 раунд сурат гирифта, бо ғалабаи Мурат Гассиев анҷом пазируфт. Тақдири унвони чемпиониро зарбаи сахти Мурат дар раунди панҷум ба ҷигари Денис ҳал кард. Лебедев дандон ба дандон монда, то охир рақобат кард, вале доварон пирӯзиро арзандаи Гассиев донистанд.
Life.ru навиштааст, ки вазъи саломатииДенис Лебедев пас аз набард бад шуда, зарбаҳои сершумор ба мағзи сараш лат дода, як қабурғааш шикастааст. Бинобар ин, ӯ дар беморхона бистарӣ шуда, ба табобат сар кардааст.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *