Боксчӣ Лебедев: «Ҷон барои ҳар кас ширин аст»

Васоити ахбори омма ҳафтаи гузашта иттилоъ доданд, ки боксчии маъруфи рус Денис Лебедов ҳангоми парвоз бо тайёра дар хатсайри Лос-Анджелес — Москва хост ҷавони бадахлоқеро ором созад. Ӯ гӯё ин амалро аз тарси ҷони худ карда бошад.
— Васоити ахбори омма аз ин ҳодиса ҳангома сохтанӣ шудаанд, — кушодааст Денис Лебедов асли воқеаро ба хабарнигори ТАСС. – Он ҷавон шояд бори аввал парвоз мекард, ё шояд маст буд, ки дар салони самолёт доду фарёд мекард, ки ӯ террорист асту самолётро фурӯд овардан зарур аст. Нисфи мусофирон аз ин тарсиданд, нисфи дигараш механдид. Ҷон барои ҳар кас ширин аст-ку. Ба ростӣ, ман ҳам тарсидам. Ман хостам он ҷавонро ором созам, вале кормандони тайёра худашон вайро уҳда карданд. Самолёт ноилоҷ дар Канада фуруд омад. Ҷавонро пулисҳои Канада доштанду мо ба парвоз идома додем.
Денис Лебедев, чемпиони ҷаҳон аз рӯйи фарзияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) ва Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни то 90,71 кг 3-юми декабр баҳри ҳифзи унвони чемпиониаш дар Маскав бо ҳамватани худ Мурат Гассиев ба ринг мебарояд.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *