Бонувони баскетболбози ДДД мақоми дуюмро соҳиб шуданд

Дар мусобиқаи баскетбол байни донишҷӯдухтарони макотиби олии вилояти Хатлон, ки аз 13 то 15  апрели соли 2021 дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, варзишгарони Донишгоҳи давлатии Данғара ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур 5 даста бо ҳам рақобат намуда, дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷойи аввал,  дастаи Донишгоҳи давлатии Данғара ҷойи дуюм ва дастаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кулоб сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дастаҳои ғолиб  бо диплои ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

“Мусобиқа  бо  иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани занону духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар вилоят, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиб намудани варзиши баскетбол, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни варзишгарон мебошад. Бо мақсади иҷрои барномаҳои давлатӣ ва   ҷалби донишҷӯён ба ҳаёти солим раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тадбирҳо андешида, донишҷӯёни донишгоҳро мунтазам ба  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷалб мекунад. Бинобар ин, донишҷӯёни донишгоҳ пайваста дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ғолиб мешаванд”, -иттилоъ дод Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор, мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати дастаҳо аз 10  варзишгар ва 1 мураббӣ иборат буда, мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии баскетбол дар шакли олимпӣ баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *