Боз лағви UFC 250

Мусобиқаҳои UFC Fight Night, UFC 250, ки бояд рӯзҳои 25-уми апрел дар Линколн (ИМА), 2-юми май Оклахома-Сити (ИМА), 9-уми май дар Сан-Пауло (Бразилия) ва 16-уми май дар Сан-Диего (ИМА) баргузориашон дар назар буд, ба таъхир гузошта шаванд. Хабар медиҳад ТВ Варзиш

«Мухлисоне, ки ба ин мусобиқаҳо чипта харидорӣ намуда буданд, маблағҳои худро бозпас мегиранд. Нафароне, ки тариқи интернет ё телефон чипта харидорӣ кардаанд, маблағашон мустақиман бозпас мегардад. UFC бовар дорад, ки дар яондаи наздик боз мусобиқаҳояшро роҳандозӣ мекунад», — гуфтааст президенти UFC.

Қаблан мусобиқаи UFC 249, ки баргузориаш 18-уми апрел дар назар буд, ба вақти номуайян гузаронида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *