Бозии Тоҷикистону Муғулистон бо ширкати мухлисон баргузор мешавад

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад. Бо мувофиқа бо FIFA бозиро то 10 ҳазор мухлис метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.

Бозии интихобии ҶҶ-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Барои ҳузур дар варзишгоҳ бояд 20 сомонӣ пардозед ва ба қоидаҳои санитарӣ риоя кунед.

Гуфта мешавад, ки футболбозони тоҷик омодагии худро барои барои бозӣ бо дастаи Муғулистон 19-уми март дар Душанбе оғоз мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси бухороӣ Усмон Тошев то ин бозӣ ду вохӯрии санҷишӣ баргузор кард, ки бо дастаи мунтахаби Урдун дар Дубай буд. Бозии якум бо натиҷаи 0:2 бар нафъи ҳариф ва бозии дуюм бо ҳисоби 1:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *