Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чемпиони якпо

Аксар одамони чор ишкелашон дуруст гумон мекунанд, ки маъюбон ба онҳо баробар нестанд. Зеро онҳо тани маъюби худро базӯр мекашанду шарм накарда, боз даъвои варзишгарӣ мекунанд ва ҳатто дар  мусобиқаҳои байналмилалию олимпӣ медалҳою унвонҳои баландро ба даст меоранд!

Ин гумони ботил ва ниҳоят хатост ва инро худи маъюбон бо зиндадилию ҳаётдӯстдорӣ ва муваффақиятҳои бузургашон борҳо исбот кардаанд.

Таркиш – туҳфаи зодрӯзӣ

 Қаҳрамони матлаби мо  Валерий Садовский – капитани дастаи «СКИ-Академия»-и шаҳри Волгогради Русия, дастае, ки ҳамаи аъзояш якпо буда, дар майдон бо чигасњо (асобағалҳо) футбол мебозанд.

 Валерий Садовский аз бачагӣ бозии футболро меписандид. Орзу мепарварид, ки дар оянда чемпиони ҷаҳон шавад. Вале аз куҷо медонист, ки ба ин орзуи бачагӣ чӣ азобу уқубате ҷомаи амал мепӯшонад.

Валерий пас аз хатми Академияи тарбияи ҷисмонии  Краснодар дар соли  1999 хизмати ҳарбии ҳатмиро дар шаҳри Волгоград адо мекард.

То анҷоми хизмат  чанд моҳе монда буд, ки баталёнашонро ба Чеченистон сафарбар карданд. Ӯ хизматро дар ротаи разведка идома медод.

-28 октябр дар рӯзи тавлидам бо сапёрҳо ба разведкаи муҳандисии роҳ рафтем, — ба ёд меорад Валерий. – Дар наздикии  Толстой Юрт дарёи Терекро убур карда, бехатарии роҳро месанҷидем. Мо, ки дишаб аз ин қисмати роҳ гузашта  будем, ягон фалокатро интизор набудем. Вале, бало аз таги по мехестааст. Ногоҳ таркиши сахт ба амал омаду аз дарди ҷонкоҳ беҳуш афтидам. Аҷаб туҳфае ба зодрӯзам…

Садовскии аз таркиши мина сахт захмишударо ба ҳоспитали Моздок оварда, як пояшро ҷарроҳӣ карда, буриданд ва пояшро аз протез намуданд.  Баъдтар бо ордени «Шуҷоат» мукофотонида шуд.

Футболи наҷотбахш    

Валерий ба маъюбӣ тан дода, фикр намекард, ки тақдир ӯро бо варзиш мепайвандад. Маъюбон пойгаи коляскаронӣ меороянд, дар мусобиқаҳои армреслинг –дастхобонӣ, шашкаю шоҳмотбозӣ ширкат меварзанд, Бозиҳои олиимпии худро доранд. Дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки маъюбон футбол мебозанд ва  барояшон мусобиқаҳои байналмилалию чемпионатҳои ҷаҳон мегузаронанд.

Пас аз ним сол тақдир Валерийро бо Шалва Кудзиев – мураббии ҷамоатчӣ рӯ ба рӯ кард. Шалва шахсони маъюбро ҷамъ оварда, дастаи футболи «СКИ-Академия»-ро дар Волгоград таъсис дод.

— Вақте  Кудзиев дар бораи мусобиқаҳои байналмилалию чемпионатҳои маъюбон ҳарф зад, бовар накардам, — имрӯз қоил мешавад Валерий. – Агар ӯ намебуд, намедонам ба чӣ кор машғул мешудам. Ба шарофати футбол дилам ба зиндагӣ гарм шуд, дӯстон пайдо кардам. Аз устоди шодравонам Кудзиев як умр сипосгузорам.

Ба одами маъюб исбот кардани он ки  аз дасташ кори назаррасе меояд, ниҳоят душвор аст. Валерий, ки то хизмат бошавқ дар дастаи матабӣ футбол мебозид, пеши худ мақсад гузошт, ки ҳатман чемпиони ҷаҳон мешавад.

Валерий дар ҳайати дастаи «СКИ-Академия» бо чигасҳо бори аввал соли 2000 ба майдон баромад. Даста ба бозиҳои чемпионати Русия омода мешуд. Футболи маъюбон ба футболи калон бисёр монанд аст. Ҳамон комбинатсияву ҳамон тактика. Дар ин футбол вазнинии бештар ба дастону китфон меафтад. Ва бо чигас ба тӯб расидан мумкин нест.  Аммо андешаронӣ ба мисли футболи калон аст. Садовский зуд ба ин футбол мутобиқ гашта, ба ҳайси муҳофизатгар аз пирӯзиҳои аввалини даста рӯҳ мегирифт. Амри тақдир будааст, ки замоне Ватанро ҳифз намояду имрӯз дастаро. Маҳорати хуби тӯброниашро дида, ба дастаи мунтахаби маъюбони Русия интихобаш карданд.

-Cоли 2014, вақте ки мунтахаби футболи Русия таҳти сарварии сармураббӣ Фабио Капелло аз чемпионати ҷаҳон боз ноумед баргашт, мо низ чемпионати ҷаҳони худро гузарондем, — ифтихор мекунад Валерий. — Дар чемпионат 23 дастаи мунтахаби 23 кишвар ширкат доштанд. Мо дастаҳои Олмонро бо ҳисоби 7:0, Салвадорро 10:1 ва чемпиони чандкаратаи дунё Бразилияро 4:0 шикаст додем ва сазовори унвони чемпиони ҷаҳон гаштем.

  Умуман, то имрӯз дастаи футболи маъюбони Русия  3 бор чемпиони ҷаҳон, 5 маротиб дарандаи медалҳои нуқра ва ҷойи дуюм дар ҷаҳон ва 2 бор чемпиони қитъаи  Аврупо гардидааст.

Чемпиони ҷаҳон Валерий, ки   оиладору падари духтараки дӯстрӯест. худро хушбахт меҳисобад.

Ташкилотчӣ ва футболбоз

Берун аз футболбозӣ Шалва Кудзиев Валерийро ба кор дар маъмурияти ноҳияи Краснооктябрски шаҳри Волгоград ҷалб намуд. Садовский барои рушди варзиши шаҳр, кор бо варзишгарон мутассадӣ мебошад. Баргузор кардани чорабиниҳои варзишӣ дар байни мактабҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, мададрасонӣ ба маъюбону боғчаҳои бачагон ва клубҳои наврасон аз вазифаҳои ҳаррӯзаи ӯст.

– Футбол бароям на фақат шуғли дӯстдошта балки кори дуюмам шудааст, ки даромади иловагӣ меорад, – мегӯяд Садовский. – Борҳо ба бошгоҳи футболи Москва даъват намуда, пули калон ваъда доданд, нарафтам. Аз Волгоград дил канда наметавонам.

Табиати инсонӣ орзупарвар аст. Қаҳрамони мо — Устоди шоистаи варзиши Русия орзу мепарварад, ки рӯзе унвони чемпиони олимпиро сарфароз мегардад. Барои ба ин ҳадафи олии варзишӣ расидан   ин намуди футболи маъюбон бояд ба барномаи Бозиҳои паралимпӣ дохил карда шавад.

Камонварӣ бо… пойҳо!

Мэтт Штутсмани амрикоӣ дар Бозиҳои паралимпии Лондон-2012 аз камонварӣ медали нуқра ва ҷойи дуюмро байни маъюбони ҷаҳон сазовор гардид. Штутсмани бедаст аз камон бо пойҳояш пайкон мепаронад ва рекордсмени Китоби Гиннес оид ба пайконпаронии дуртарину ҳадафрастарин ба шумор меравад! Кадом одами солим рекорди ӯро такрор намудааст?

Э. НАЗАРОВ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.