Чиптаҳои набарди Конор дар се дақиқа ба фурӯш рафт

Чиптаҳои  набарди Конор Макгрегор бо Доналд Серронеи амрикоӣ бо лақаби “Кавбой”, ки моҳи оянда баргузор хоҳад шуд, рӯзи 23-ми декабр дар як лаҳза ба фурӯш рафтааст.

Зимнан, арзиши ҳар як чипта 350 доллари амрикоӣ (3 392 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Хабар дода мешавад, ки набарди Конор ва Серроне дар доираи рақобати UFC 246 санаи 18-уми январи соли 2020  дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА доир мешавад.

Толори варзишӣ дорои 20 ҳазор ҷои нишаст буда, аллакай томоми курсиҳо банд шудаанд.

 Конор Макгрегор, собиқ қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, қаҳрамони ду категорияи вазнӣ омода аст, ки ба ринг баргардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *