Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дилшод Назаров: Ҳеҷ гоҳ ғиромбозӣ накардаам…

Суҳбати ошкоро бо варзишгар  пас аз иттиҳоми допинг

Тобистони соли 2016 чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар Рио – де – Жанейро шудани гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар дунё ғулғула андохта буд. Зеро аз соли 1996 баъди шаш Бозиҳои олимпӣ бори нахуст намояндаи Тоҷикистон медали тилло ба даст овард. Тирамоҳи соли 2019 ҷаҳон шоҳиди ғулғулаи дигар шуд ва боз номи Дилшод Назаров вирди забон гашт: ниҳоди мустақили мубориза алайҳи падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU) варзишгари тоҷикро ба истифодаи допинг гунаҳгор сохт.

Чанде пеш ин ниҳод эълом дошт, ки гуноҳи чемпиони олимпиро дайн ва ўро ду сол аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум намуд. Тафтиши допингӣ, ки якуним сол идома ёфт, чӣ гуна сурат гирифт, оё он холисона буд, магар далелҳо ба дараҷае қотеъ буданд, ки Дилшод Назаров рад карда натавонист? Ин ва дигар саволҳо тақозои ҷавоб доштанд ва сабаби вохӯрӣ бо варзишгари маъруф шуданд, ки чанд сол боз аз сарварони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар низ мебошад.

КОҲИ КУҲНА БОД КАРДА…

– Дилшод, иттиҳоми допингии AIU барои ман низ чун барои ҳазорҳо ҳаводоронатон комилан ғайричашмдошт буд ва то ҳол боварнокарданист. Дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ аз шумо намунаи допинг гирифта буданд?

– Ҳа, аз ман низ гирифта буданд. Ин амали маъмулист. Лекин ҳамон вақт санҷиш манфӣ баромад. Ростӣ, намедонам, ки бо чӣ онро баъди аз байн гузаштани муддати мадид аз нав таҳқиқ кардаанд. 

– Аз хабари мусбат баромадани санҷиши такрории ҳамон намунаи допинг кай ва чӣ тавр огоҳ шудед?

– Моҳи июли соли 2019 ниҳоди номбурда аввалин нома фиристод, ки ман ба истифодаи маводи мамнӯъ гумонбар мешавам. Аз ин гумонбарии ғайричашмдошти беасос, ки аз бом тарошаро мемонд, ниҳоят ошуфта шудам, дурусттараш ба ғазаб омадам. Худатон қазоват кунед, маро ба истеъмоли допинг дар чемпионате гунаҳгор месохтанд, ки соли 2011 баргузор шуда буд. Яъне 8 сол пеш.

– Воқеан, дар он мусобиқа баромадатон бобарор набуд: ҳамагӣ ҷойи даҳум. Агар воқеан допинг истеъмол мекардед, бешубҳа, аз ҷумлаи ғолибон мешудед.

– Ҳа, қоилам, ки дар он ҷо гурзам  хуб «напарид». Вале ман ягон вақт ба хотири натиҷаи баланд нишон додан аз воситаҳои манъшуда кор набурдаам ва ба ин ниёз ҳам надорам. Шукр, Худо ба ман неру ва маҳорат ато кардааст. Хуллас, алайҳи ин иқдоми AIU ман як илоҷ доштам: исбот кардан, ки чун дар дигар мусобиқоти қаблӣ дар Тэгу низ ҳалол, мардона, бидуни истифодаи ягон доруи нерубахш ҳунарнамоӣ намудам ва ин гумону гунаҳгорсозӣ буҳтону туҳмат аст. Бо мураббияам Владимир Машко, ки аз зӯртарин гурзандозони чех маҳсуб меёфт, дар тамос шуда, маслиҳат кардам. Як адвокати номии аврупоиро тавсия дод, ки дар бисёр парвандаҳо ғолиб омадааст. Ман ўро киро кардам ва мубориза сар шуд. Мо санаду далелҳои заруриро гирд оварда, ба AIU фиристодем. Чун аз ин қабил ғиромбозиҳо дур будам, гумон доштам, ки зуд ҳақ ба ҳақдор мерасад ва доғе, ки ба номи неки ман, обрую эътибори варзиши Тоҷикистон овардан мехостанд, бартараф карда мешавад. Лекин гумонам хато баромад ва ин қазия якуним сол тӯл кашид.

ЗЕРИ КОСА ЧӢ НИМКОСАЕ ДОШТ?

– Шояд аз он сабаб, ки он чӣ пешниҳод кардед, кофӣ набуд?

– Не, тамоми ҳуҷҷату далелҳои заруриро гирифтанд. Ягона коре, ки масъулони ниҳод мекарданд, холисона омӯхтани онҳо ва мӯйро аз хамир берун овардан. Аммо ин корро пайваста қафо мепартофтанд, ҳамчунин, мурофиаи судиро. Адвокатам ҳар дафъа, ки аз ин ҳолати «муаллақӣ» таҷанг шуда, зангаш мезадам, ором карда мегуфт: «Дилшод, сабур бош, мурофиа, ки шуд, ин ҳубоб мекафад». Мурофиаро бо он баҳона қафопарто мекарданд, ки «дар ин вазъияти хавфноки пандемияи коронавирус алҳол имкони баргузории суд мавҷуд нест». Аҷаб баҳонаи содалавҳона. Охир мо дар асри ХХ1 зиндагӣ мекунем. Дар давраи пандемия сарони давлатҳо ба таври онлайн гуфтушунид мекунанд, ширкатҳо корро ба таври фосилавӣ идома медиҳанд, донишҷӯёни дунё онлайн таҳсил менамоянду як мурофиаи судиро наметавон онлайн баргузор кард?! Борҳо ману адвокатам пешниҳод доштем, ки суд ба таври онлайн гузаронда шавад. Лекин гӯши шунаво набуд.

– Воқеан, кашолкории шубҳанок. Шояд зери коса нимкосае буд?       

– Дилам вақте бад бурд, ки ба Қатар рафтаму дар чемпионати ҷаҳон баромад кардан намонданд. То анҷом ёфтани тафтиши допингӣ ҳунарнамоиро муваққат боздоштанд. Аз ин сабаб дар он мусобиқа иштирок карда натавонистам. Ҳол он ки дар Давҳа бояд ба Олимпиадаи Токио роҳхат мегирифтам. Ана ҳамон ҷо фаҳмидам, ки мақсад аз ин дасиса, ин амалро дигар хел унвон карда наметавонам, чӣ будаст. Яъне, бо ҳар роҳу восита коре бояд кард, ки чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров, яке аз довталабони асосии медали олимпии Токио, ба Ҷопон рафта натавонад. Маҳз бо ҳамин мақсад баҳонаи допинг рўи кор омад.

–  Агар ба назар гирем, ки чемпионати ҷаҳон дар Қатар 27 сентябри соли 2019 шурӯъ шуду AIU бошад, ду сол ширкати шуморо дар мусобиқот аз 24 сентябри ҳамон сол боздошт, ғараз ба забони ҳол омада, «мана ман» мегўяд. Шумо дар мусобиқот танҳо охири сентябри соли 2021 иштирок карда метавонед. Яъне, баъди Олимпиадаи Токио. Ҳол он ки дар ибтидои суҳбат адвокатро таъриф кардед…

– Ман ҳозир ҳам мегӯям, ки вай дар Аврупо аз беҳтаринҳост. Аммо бо сар метавон девори бетониро шикаст? Дағал карда гўем, муборизаи мо бо механизме буд, ки бо барномаи муайяни тарҳрезишуда амал мекард. Ин ниҳоят мураккабу душвор аст. Вақте моҳҳо ба мактубҳоят эътибор намедиҳанд, вақте ба ягон саволат ҷавоб намегирӣ, вақте ҳатто бо як далел гуноҳатро исбот намекунанду умуман, дар фикри баргузории мурофиа нестанд, чӣ кор карда метавонӣ? Чун дидам, ки аз масъулони AIU баррасии холисонаю одилонаи қазияро умед кардан беҳуда, аз баҳраш баромадам. Якуним соли мубориза, вақт, асабхаробшавӣ, хароҷот бар ҳадар рафт.

– Аз тасмими ниҳод ба суд шикоят набурдед?

– Онҳо худ ба мо гуфтанд, ки агар қарорашонро қабул надорем, метавонем ба Суди варзишии арбитражӣ апеллятсия диҳем. Аммо ману адвокат ба хулоса омадем, ки аз ин ягон суде нест. Чаро? Вақте мо қариб дар 20 моҳи мубориза онҳоро маҷбур карда натавонистем, ки мурофиаи судӣ баргузор кунанд, гуфтем, ки дигар мо аз пайи ин қазия намешавем. Ва шояд бовар накунед, ҳатто як ҳафта нагузашта, аз AIU нома омад, ки маро дусола аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқот маҳрум намуданд.  

АКСИ КАЛЛА   БА ШЎРБО ЗАД

– Дилшод, ба кӣ даркор буд, аз байн бардоштани яке аз зӯртарин гурзандозони ҷаҳон? Шояд ба рақибони асосиятон, фарз кардем ба Иван Тихони беларус, Войсех Новитскии лаҳистонӣ, Кристиан Парши маҷорӣ ё…

– Не, Тихон ё ду нафари дигар дахле надоранд. Як мисоли одӣ. Худ хуб огаҳ ҳастед, ки WADA (Агентии ҷаҳонии зиддидопингӣ – Х.Ҷ.) варзиши Россияро солҳои охир ба чӣ ҳол гирифтор карда истодааст. Гунаҳгорсозӣ аз пайи гунаҳгорсозӣ, таҳрим аз пайи таҳрим, пеш аз ҳама, дар он намудҳои варзиш, ки Россия пешсаф аст. Варзишгарони русро аз ширкат дар мусобиқот, мансубият ба кишварашон, Парчаму Суруди миллияшон маҳрум  месозанд. Дар ин ниҳод низ, ки аз сохторҳои Кумитаи байналмилалии олимпист, кишварҳои моро ҳамоно собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ ва дар меҳвари таъсири Россия мешуморанд. Ҳамагӣ чанд вақт пеш варзишгари беларусӣ Марина Арзамасова, чемпионкаи ҷаҳонро бо ҷурми допинг таҳрим карданд. Чунки аз даъвогарони асосии медали олимпӣ буд.

Яъне, ин ҳама занҷирҳои як сиёсатест дар варзиш, ки аксар кишварҳои собиқ шӯравӣ зери фишори ошкорои он қарор доранд. Арзамасова баъди ин ҳодиса дар мусоҳибае гуфтааст, ки «ҷумҳуриҳои моро низ Россия мешуморанд ва муносибаташон тибқи ҳамин пиндор сурат мегирад. Ҳатто дар варзиш. Яъне, ҳамаи моро бо як газ чен мекунанд». Имрўз мансабдорони баландпояи варзиш бо фармоиш онро на ба омили дӯстию иттиҳоди халқҳо, балки ба фишанги сиёсии нифоқу ҷудоиандозӣ табдил додаанд, ки аз ин, пеш аз ҳама, варзишгарон зарар мебинанд.

СИПОС АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

– Бешак, муҷозоти варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ ин талафоти гарон аст. Лекин ман мутмаинам, ки ин қабил шахсиятҳоро шикастан саҳл нест. Ору номус, ҳисси ватандустӣ онҳоро водор месозад, ки бо натиҷаҳои баландтари худ ё шогирдон ҷавоби сазовор гардонанд.

– Албатта, сахт аламовар аст, ки бо тамоми ҷисму ҷон, фикру зикр ба Олимпиада тайёр шавӣ, дилпур бошӣ, ки метавонӣ аз ҷоизадоронаш гардию ногаҳон номардона пеши роҳатро гиранд. Аз пушт корд задан амали ноҷавонмардона аст. Рўзҳои аввали аз ин хабар огоҳ шудан шок шудам,   фикр мекардам, ки меҳнату муборизаю комёбиҳои понздаҳсолаамро барбод додан мехоҳанд. Чун бо дастгирии ёру дӯстон, мухлисони сершумор, ки дар ин шабу рӯзҳо дилбардориям мекарданд, тадриҷан таскин ёфтам ва ба хулосаи дигар расидам. Будаанд нафароне, ки аз гурзандози тоҷик метарсидаанд. Ончунон метарсидаанд, ки дилу гурдаи муборизаи мардонаи рӯ ба рӯ дар варзишгоҳ надоранду бо роҳи дасиса рафтанд. Агарчи ин медали олимпӣ ё чемпионати ҷаҳон нест, ғалаба аст, ғалабаи маънавӣ.  

Зимнан аз фурсат истифода бурда, аз Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаашон дар ин давраи бароям мураккабу ногувор изҳори сипос мекунам.

– Сарвари давлат баъди ин ҳодиса ба ҳузур пазируфтанд?

– Дар чорабиние дар Кохи Борбад вохӯрдем. Ин рӯзҳои аввали ҳодиса буд, ки он вақт ростӣ, хеле рӯҳафтода будам. Дилбардорӣ карда, «Дилшод, то охир мубориза бар!» гуфтанд. Ва ман рўҳу неру гирифта, якуним сол мубориза бурдам. Бад аст, албатта, вақте варзишро ба ғаразҳои сиёсӣ олуда месозанд, бозиҳои пасипардагӣ роиҷ мешаванд.

«АГАР БА МАН ХУНСАРДИИ ТУ МЕБУД…»

– Агар зид набошед, ин мавзӯи ошуфтасозро тағйир диҳем.  Дар 20 соли охир варзишгари тоҷик бори нахуст чемпиони олимпӣ шуд. Пеш аз ин пирўзӣ ман шоҳиди бевоситаи ҳунарнамоии шумо дар Олимпиадаи Пекин – 2008 шуда будам. Дар варзишгоҳи ниҳоят бузургу бошукӯҳи «Лонаи парранда» нишаста, як чизи ҷолибро мушоҳида кардам: ҳар боре ба гурзпартоӣ мебаромадед, ниҳоят ором менамудед. Шумо ба натиҷаҳои рақибон умуман аҳамият намедодед ё ин зоҳири ороми фиребо буд?

– Ман ҳеҷ гоҳ нигоҳ намекунам, ки рақибонам ба чанд метр гурз партофтанду кӣ дар чандум ҷой қарор дорад. Ба майдон баромада вазифаевро иҷро мекунам, ки назди худ гузоштаам. Яъне, бояд натиҷаи худро нишон диҳам. Агар инро тавонам, ҳатман медал мешавад. Дар ин мавридҳо бароям рақибҳо гўё вуҷуд надоранд. Албатта, чунин оромии рӯҳӣ, бурдборӣ ва боварӣ ба худ бо мурури солҳо, бо андӯхтани таҷриба ҳосил шуд. Вақте ҷавонтар будам, албатта ба натиҷаи ҳарифон менигаристам ва чун яке дур партофт, маро ҳаяҷон пахш мекард, ки оё зӯрам ба чунин партофт мерасад ё не. Таҷриба одамро қавирӯҳ мегардонад.

Владимир Машко – мураббии чехам варзишгари тавоно, иштирокчии олимпиада буда, гурзро то 81 метр партофтааст, ки ба нафарони ангуштшумор даст медиҳад. Бо вуҷуди чунин натиҷаи ҳайратангез на чемпиони ҷаҳон шудаасту на Европа ва на Олимпиада. Ва ў нимшухию нимҷиддӣ ба ман мегуфт: «агар ҳамин нотарсию оромии сангини ту дар ман мебуд, шояд ман бемалол чемпиони олимпӣ мешудам. Ҳар боре ту ба гурзпартоӣ мебароӣ, ман аз ваҷоҳати воқеан ором, аз хунсардии ту, ки худро комилан идора мекунӣ, ҳаловат мебарам». 

– Як равоншиноси риштаи варзиш гуфтааст, ки дар муҳимтарин мусобиқот 80 дарсади пирӯзиро на қувваю маҳорат, балки суботи рўҳии варзишгар таъмин месозад. Гӯё дар бораи шумо гуфта бошад.

– Ман мисоли дигар меорам. Ҳамон соли бозиҳои олимпӣ дар Бразилия чемпиони ҷаҳон Павел Файдеки лаҳистонӣ дар кулли мусобиқот аъло баромад мекард ва коршиносон ўро бармаҳал соҳиби медали тилло мехонданд. Аммо вақте мусобиқа оғоз ёфт, ў ҳатто ба давраи финалӣ баромада натавонист. Зеро дар лаҳзаи ҳалкунанда эҳсосоти худро идора карда натавонист.

ГУРЗИ ТИЛЛОӢ КУҶОСТ? 

– То Олимпиадаи Рио – де – Жанейро шумо ба ғалабаҳои зиёд даст ёфтед, медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, се пирӯзӣ дар Бозиҳои осиёӣ, чемпиони чоркаратаи Осиё. Аз ин рў, аксарият коршиносон мутмаин буданд, ки дар Бразилия ҳатман соҳиби медал мегардед. Кай бовар кардед, ки  он метавонад тиллоӣ бошад?

– Дар партофти сеюм, вақте гурзам  78,07 метр парид. Ҳарчанд боз ҳама се маротиба имкони беҳтар кардани натиҷаҳои худ доштем. Аммо аксарият дар сарҳади 76 метр дармонданд. Аз ҷумла, Иван Тихон ва Войсех Новитский, ки дар ниҳоят дуюму сеюм шуданд. Дар партофти панҷум парвози гурзи ман 78,68 метр шуд ва пурра бовар кардам, ки ғалаба насибам гашт. Дар партофти охирин ҳам ягон рақиб ба ман расида натавонист.

– Воқеан, ҳамон гурзи бахосиятро яқин, ки бо худ овардед-а? Онро дар хонаатон нигоҳ медоред?

– Ман бо худ гирифтани онро ҳатто фикр накардаам. Шояд аз хурсандии беҳад бошад, шояд бо сабабе, ки гурзҳоро ба мо соҳибони олимпида додан ва чизи бегонаро чӣ хел мегирӣ? Эҳ, чаро ин идеяро он ҷо ба ман касе нагуфт? Албатта, мегирифтам он гурзи тиллоиро. Барои Осорхонаи миллӣ ё Кумитаи олимпӣ, на хонаи худ.

ХУДИ СЕДИХ МАРО ТАБРИК КАРД

– Дилшод, рекорди шахсии шумо 81,65 метр аст ва ин бечунучаро натиҷаи баланд ҳисоб меёбад. Зеро аз 80 метр дар дунё кам гурзандоз гузаштааст. Аммо ман аз феномене гуфтаниям, ки 45 сол боз касе аз он гузашта наметавонад.

– Шумо рекорди Юрий Седихро дар назар доред? Он воқеан беназир аст.

– Бале. Варзишгари шаҳири шуравӣ Юрий Седих 30 августи соли 1986 дар чемпионати Аврупо дар Штутгарти Олмон гурзро ба 86,74 метр партофт ва ин рекорди ҷаҳонӣ то ҳол побарҷост. Чандин даҳсола гузашт, лекин баҳодуре пайдо нашуд, ки рекорди ўро нав кунад. Ин ҷо чӣ муаммост?

– Ҳама гап дар мактаби шӯравии гурзандозист, ки барҳақ аз беҳтаринҳо дар дунё буд. Шумо тасаввур кунед, ки барои беҳсозии тамрину ҳунарнамоии варзишгарон пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ фаъолият доштанд. Яъне, варзишу варзишгар дар асоси навтарин дастовардҳои илмҳои гуногун рушд меёфт. Имрўз ин ҳама нест ва натиҷаи баланд ҳам нест.         

Зимнан, ман бо ин гурзандози достонзеб шиносоии хуб доштам. Ҳарчанд вақте ба арсаи рақобати беҳтаринҳо ворид шудам, ў аллакай карйераашро анҷом дода буд. Чун дар Рио-де-Жанейро чемпиони олимпӣ шудам, Юрий Георгиевич аз аввалинҳо шуда телефонӣ табрикам кард, ки сарам ба осмон расид: «Аҳсан, Дилшод! Шукри Худо, ки нафаре аз собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ корномаи моро давом дод». Воқеан, баъди ғалабаи гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар Олимпиадаи тобистона дар Барселона соли 1992 ин дуюм медали тиллои Тоҷикистон буд. Дар ягон намуди дигари варзиш то ҳол чунин комёбии барҷаста муяссар нагаштааст. Мутаассифона.  

БАРОИ ОБРӮИ ВАТАН ҲАМА МАСЪУЛЕМ

– Тақдир набудааст, ки дар олимпиадаи панҷум иштирок кунед. Бо ин дасиса осмон омада ба замин начаспид, зиндагӣ давом дорад. Умедворем, ки соли 2024 шуморо ҳамроҳи дигар варзишгаронамон дар Бозиҳои олимпии Париж бубинем.

– Ман бисёр мехоҳам, ки аллакай дар Олимпиадаи тобистонаи Токио варзишгарони мо соҳиби медал шаванд. Шарт нест, ки маҳз дар гурзпартоӣ бошад, ман байни намудҳои варзиш тафриқа намегузарам. Зеро ҳамаи мо шарафи варзиши Тоҷикистон, обрӯю эътибори онро ҳифзу афзун мекунем. Ин масъулияти ҳар кадомамон дар назди Ватан ва халқи шарифи тоҷик мебошад.

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.