Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дилшод Назаров чор бор дуюмин шуд

Талошу такопӯйи варзишгари машҳурамон Дилшод Назаров барои дарёфти мақоми аввал дар миёни гурзандозҳои беҳтарини  ҷаҳон идома дорад. Ба ин мақсад ӯ бори чорум аст, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаълона ширкат варзида, ҷойи дуюмро касб мекунад.


Бинобар иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод ин дафъа дар мусобиқаи байналмилалии «Paavo Nurmi Games» гурзашро ба дурии 78 метру 87 сантиметр партофта, нишондод ва мақоми дуюмро соҳиб шуд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 29 июни соли равон дар Финляндия баргузор шуд, рақиби аслии Дилшод — гурзандози Лаҳистон Павел Файдек бо натиҷаи 81,12 метр боз ғолибият ба даст овард. Хамватани ӯ Войтсех Новитски бо натиҷаи 78,04 метр мақоми сеюмро гирифт.

Ба хотир мерасонем, ки Дилшод Назарови 34-сола аз ин пеш моҳҳои май-июни соли 2016 дар се мусобиқаи байналмилалӣ се медали нуқра ба даст оварда буд. Нахуст Дилшод дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 78 метру 82 сантиметр дуюмин шуда буд. Дар ин мусобиқа низ Павел Файдек бо натиҷаи 80,66 метр ғолиб шуд.

Баъдан Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр боз ҳам мақоми аввалро касб кард.

Сипас гурзандози тоҷик дар даври чоруми мусобиқаи «Лигаи бриллиантӣ” оид ба варзиши сабук дар Юҷини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҷойи дуюм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 12 сантиметр ҳаво дод. Павел Файдеки 27-сола бо натиҷаи 80 метру 28 сантиметр мақоми аввалро соҳиб гашт.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Эмоми Назариён

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.