«ДИСИ Инвест» чемпиони секаратаи футзал шуд

Сомонаи ФФТ аз ҷараёни даври навбатии мусобиқаи лиги касбии футзали Тоҷикистон иттилоъ додааст. Дар даври мазкур дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе дастаи «Соро компания»-ро бо ҳисоби 5:2 мағлуб сохта, пеш аз анҷоми мусобиқа бори сеюм унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Дар ин давр барои «ДИСИ Инвест» фақат ғалаба лозим буд. «Соро компания» аз аввали вохӯрӣ ташаббусро ба даст гирифта, футболбозони он Алиҷон Ҳабибуллоев ва Соҳиб Раупов тӯбро ба дарвозаи ҳарифон ворид карданд ва ҳисобро 2:0 намуданд. Аммо «ДИСИ Инвест» тавонист то фарҷоми қисми якум ҳисобро баробар мусовӣ гардонад. Собирҷон Гулаков муаллифи ду голи ҷавобӣ ба номи худ дубл навишт. Дар қисми дуюм Ораз Ализода, Шоҳрух Ҳамидов ва Фирӯз Бекмуродов боз якголӣ зада, пирӯзии пурраи дастаашонро таъмин карданд ва ба чемпионӣ расонданд.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *