Донишҷӯи тоҷик медали тилло ба даст овард

Ояулло Сайфуллоев, донишҷӯи соли дуюми факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонии Донишгоҳи давлатии Данғара дар вазни 53 кг аз байни  варзишгарони ҷумҳурӣ мақоми аввалро  ишғол карда, медали тилло ва диплом ба даст овард.

Дар ин бора Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор, мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара хабар дод.

«Ба ифтихори солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳод, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии  оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намуди варзиш доир гардид. Шарафи Донишгоҳи давлатии Данғараро дар ин мусобиқаи бонуфуз Оятулло Сайфуллоев ҳимоя кард. Медал ва дипломро Д.М. Ҷураев, раиси Федератсияи миллии  оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супорид», — иттилоъ дод номбурда.

Ба гуфтаи Муҳаммад Шораҳимзода, раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста ғолибият ба даст меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *