Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби 15 медал шуданд

Байни донишҷӯёни муассисаҳои олии ҳудуди  вилояти Хатлон дар  ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ   доир гардид. Бозиҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, гӯштини миллӣ, варзиши сабук, шоҳмот, шашка ва футбол сурат гирифт.

Донишҷӯён дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи намуди волейбол, дар маҷмааи варзишии ноҳия аз рӯи намуди гуштини миллӣ, шоҳмот ва шашка, дар варзишгоҳи марказии ноҳия аз рӯи намуди варзиши сабук ва футбол  байни худ қувваозмоӣ намуданд.

“Мақсад аз баргузории фестивал, пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди соҳаи варзиш дар байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дар вилоят мебошад, ки он ду рӯз: 7-8 апрел гузоранида шуд. Дар фестивали мазкур варзишгарони Донишгоҳи давлатии Данғара маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби 15 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 11 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд. Аз рӯи холҳои бадастоварда ҳайати варзишгарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мақоми аввал, ҳайати варзишгарони Донишгоҳи давлатии Данғара мақоми дуюм ва ҳайати варзишгарони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав мақоми сеюмро касб намуданд”, -гуфт Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор, мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара.

Тибқи иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ  аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара лавозимоти варзишӣ, аз қабили тӯбҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз ва тӯри теннисбозӣ харида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *