Эҳтимоли реванши Ҳабиб ва Конор

Сардори раёсати сайёҳии шаҳри Абу-Даби тайёрии худро дар бобати мизбонӣ кардани  реванши размоварони риштаи UFC — Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегорро баён кардааст.

«Мо аз мизбонии чунин набарди аср хеле шод мешавем. Мо омодаем ва мо ба худ боварӣ дорем. Ва ман ба ин боварӣ дорам, ки Дэйна Уайт бо мо розӣ хоҳад буд. Гузаронидани мусобиқаҳои UFC, инчунин қобилияти дар сатҳи зудтарин ба роҳ мондани ҳама чиз барои мусобиқа мавқеи моро собит мекунад”,  — гуфтааст, Саид Ал Саид.

Рақобати ояндаи Ҳабиб бо варзишгари амрикоӣ — Ҷастина Гэтжи дар назар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки реванш миёни Ҳабиб ва Конор моҳҳои наздик сурат гирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *