Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эҳтиёт:  допинг!

Се-чор моҳи охир дар олами варзиш бо ибтикори  Агентии умумиҷаҳонии  зиддидопингӣ (WADA) нисбат ба варзишгарони шӯҳратёр, пеш аз ҳама, чемпионҳои ҷаҳону олимпии Федератсияи Русия чораҳои зиддидопингӣ андешида истодаанд, ки боиси нофаҳмиҳо ва сару садоҳое шуда истодааст. 17 март ба рӯйхати варзишгарони  мелдоний истеъмолкарда чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон оид ба теннис Мария Шарапова, чемпиони ҷаҳон  оид ба шиноварӣ Юлия Ефимова дохил карда шуданд. Пас аз ӯ дар истеъмоли мелдоний чемпиони олимпӣ оид ба   шорт-трек Семён Елистратов, варзишгар Екатерина Константинова, конкитоз Павел Кулижников, биатлончӣ Эдуард Латипов, фигурист Екатерина Боброва, волейболбоз Александр Маркинро муттаҳам карданд. Ҳамчунин, аз санҷиши допингӣ бозингарони дастаи мунтахаби Русия оид ба регби Алёна ва Алексей Михалтсовҳо нагузаштанд. Намояндаи Агентии умумиҷаҳонии  зиддидопингӣ (WADA) Бен Николс ба оҷонсии «Associated Press»  иттилоъ додааст, ки барои истеъмоли мелдоний 99 варзишгари кишварҳои гуногун ба даст афтодаанд. Ба ғайр аз варзишгарони рус барои истеъмоли мелдоний варзишгарони Украина, Гурҷистон ва Шветсия низ муттаҳам шудаанд.

Як ҷузъи сиёсатбозиҳои Ғарб

 Мутахассисони соҳаи варзиши Русия ин тадбирҳои Агентии умумиҷаҳонии  зиддидопингиро нисбат ба намояндагони кишварашон хӯрдагирии барқасдона ва як ҷузъи сиёсатбозиҳои Ғарб дар арафаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро-2016 маънидод мекунанд.

-Сабаби асосӣ истеҳсоли шӯравӣ будани милдронат ё мелдоний мебошад, — иддао дорад духтур Зураб Орҷоникидзе, ки солҳои тӯлонӣ табиби дастаи  мунтахаби СССР буд. – Ҳеҷ кас онро допинг намешуморид. Допинг ба варзишгар назар ба ҳарифонаш афзалият медиҳад. Мелдоний бошад, доруи барқароркунанда ва аз сарборӣ халоскунандаи  дил мебошад. Ҳазорон духтур дар дунё допинг набудани онро тасдиқ менамоянд. Вале WADA фикри худро ба дигарон бор мекунад.

Директори Маркази таълимӣ-илмии академияи варзиши Поволжйе Илдус Ахметов иддао дорад, ки вақтҳои охир WADA  фаъолияташро бар зидди препаратҳои истеҳсоли замони шӯравии имрӯз дар Русия маъмул пурзӯр кардааст.

Таҳлилгари зиддидопингӣ Николай Дурманов мегӯяд, ки «ба ном пажӯҳиши милдронатро созмонҳои амрикоӣ, аз ҷумла WADA  ва Кумитаи  олимпии ИМА сарпарастӣ менамоянд. Ва онҳо фаъолияташонро бар зидди варзишгарони дараҷаи аввали рус нигарондаанд. Филми немисии «Допинги махуф. Русия чӣ тавр ғалаба мекунад» дар моҳи декабри соли 2014 бар ин замина гузоштааст. Дар зарфи ду сол WADA  4 ҳазор варзишгарони Русияро аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кардааст. Штаб-квартираи WADA дар Амрикои Шимолӣ чойгир буда, он ба варзишгарони худӣ дахолат намекунад.

Допинг маводи мухаддир?

Истилоҳи допинг (аз англисӣ- нашъа додан) ибтидои асри  ХХ дар ИМА пайдо шуда буд. Допингро мураббиёну чобуксаворони амрикоӣ ҳамчун дору пеш аз пойга ба таги пӯсти аспон мегузаронданд. Маълумот дар бораи истифодаи допинг аз ҷониби чобуксаворон бори аввал дар газетаҳои Аврупою Русия соли 1903 пайдо гардидааст. Ҳамон сол ҷамъиятҳои чобуксаворон маслиҳат карданд, ки муборизаро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ки ба асппарварии асил хатарнок буд, пурзӯр намоянд. Якумин варзишгари бо допинг бадастафтида чобуксавор Франк Старр мебошад, ки 8 июни соли 1913 ба мақсади тезонидани суръати дав ба таги пӯсти асп доруи эликсирро гузаронда буд. Ф. Старрро якумрӣ аз иштирок дар пойгаҳо маҳрум сохтанд.

Аммо ҷаҳон дар бораи допинг ҳангоми баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим огоҳӣ ёфт. Дар пойгаи велосипедронон ба масофаи 100 км, ки ҳаво ниҳоят тафсони  тоқатфарсо буд, аксари варзишгарон аз велосипед бехуд меафтиданд. Варзишгарони Дания  Кнуд Йенсен ва Юрген Йоргансен аз велосипед афтида, бе ҳуш шуданд. Йенсен фавтид. Ё велосипедрони англис Том Симпсон ҳангоми пойгаи 54-уми Тур де Франс дар километри 20-ум ба баландӣ баромада истода, ду бор афтид. Пас аз афтиши дуюм бахудории ин варзишгар мушкил шуд ва ӯ даргузашт. Баъдтар расман маълум гашт, ки  дар хуни ҳалокшудагон маводи сахттаъсири ангезандаро ошкор намудаанд. Варзишгари панҷҳарбаи Шветсия Ҳанс-Гуннар Лилиенвол дар Бозиҳои  олимпии соли 1968 дар мусобиқаҳо барои дар хунаш аз меъёр зиёд доштан машрубот иштирок карда натавонист. Баъдан ӯ худро сафед мекард, ки ҳамагӣ ду бокал пиво нӯшидааст. Шурӯъ аз ҳамин ҳодиса барои муайян кардани воситаҳои мамнуъ дар хун санҷиши варзишгарон ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки моддаи мелдоний, ки аз 1 январи соли 2016 ба ҷумлаи препаратҳои мамнуъ ворид карда шудааст, вақтҳои охир дар хуни варзишгарони  номбурдаи Русия ошкор гардидааст.

Аслан допинг  ба маводи мухаддир ва  ба маводи табии баромадаш синтетикӣ алоқамандӣ надорад. Ин мавод ба муддати кӯтоҳ фаъолияти системаи асабу эндокриниро зуд тезонида, ба мушакҳо қувват мебахшанд. Аз ин рӯ, номгӯйи доруҳои мамнуъ барои варзишгарон ҳангоми мусобиқаҳо муайян карда шудааст. WADA, ки бо ташаббуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфтааст, ҳар сол рӯйхати доруҳои мамнуъ ва стандартҳои байналмилалиро барои лабораторияҳо, санҷиш ва барои истисноҳои терапевтӣ тавсия медиҳад.

Мубориза бо допинг барои он роҳандозӣ мешавад, ки рекордҳо бар ивази тандурустӣ ва ҳаёти варзишгарон муяссар мешаванд. Комиссияи тиббии КБО соли 1993 истифодаи маводи зерини ангезишдиҳандаи гурӯҳи гуногун ва синфҳо, нашъадор, анаболикҳо, воситаҳои дардкамкунанда, пешоброн, ҳормонҳои пептидӣ ва амсоли онҳоро мамнуъ эълон карда буд. Ба ин зумра инчунин истифодаи маҳдуди машрубот, қаҳва ва ғайраҳо тавсия дода шудааст.

Муҷозоти допингии  варзишгарони тоҷик

 Аз муҷозоти Ангентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (АУЗД — ВАДА) варзиши  Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Комиссияи зиддидопингии Иттиҳоди умумиҷаҳонии гуштигирон паҳлавони легионери Тоҷикистон Зелимхон Юсуповро, ки шарафи кишварро дар ҳайати дастаи мунтахаб аз гуштии озод ҳифз менамояд, ба муҳлати 4 сол аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум сохт. Ташхиси пешоби Зелимхони 31-сола пас аз марҳилаи финалии чемпионати Осиё дар Қатар  истеъмоли препарати «дибетилбутиламин»-ро ошкор намуд. Бинобар иттилои хадамоти матбуоти КМОТ маводи мазкур аз ҷониби АУЗД барои истеъмоли варзишгарон мамнуъ мебошад. Дар натиҷа З. Юсупов аз медали нуқраи чемпионати Осиё маҳрум гардида, ҷоиза ба паҳлавони Қирғизистон дода шуд. Муҳаммадшо Абдуллоев, сардори Агентии зиддидопингии КМОТ дар ин ҳодиса мураббиён ва намояндагони Федератсияи гуштии озоди кишварро гунаҳгор медонад, ки З. Юсуповро аз истеъмол накардани маводи метилгексанамин огоҳ накардаанд.

24 сентябр Шӯрои олимпии Осиё эълон кард, ки футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Бекназаров барои истеъмоли препарати метилгексанамин, ки чарбуи баданро месӯзонад ва АУЗД онро аз соли 2010 мамнуъ эълон намудааст, гунаҳгор карда шуд. Х. Бекназаров аз иштироки минбаъда дар Бозиҳои Осиё маҳрум ва аз ҳудуди Чин берун гардид.

Назорати допингӣ барои Тоҷикистон кори нави номафҳум аст. Бинобар ин, алҳол ягона коре, ки КМОТ дар ин ҷода кардааст, ин таъсиси агентии зиддидопингӣ ва омода сохтани рӯйхати доруҳои допингдор мебошад. Дар бораи ҳимояву ҳифзи варзишгарон Зелимхон Юсупов ва Хуршед Бекназаров ҳоҷат ба гап ҳам нест.

Эмоми Назариён,

Воқеан:

Мария Шарапова зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошт: дар допинги санҷишие, ки аз ӯ ҳангоми мусобиқаи  Australian Open гирифта буданд,  доруи мелдоний ошкор карданд. Теннисбоз шарҳ дод, ки вай ин доруро 10 сол боз истеъмол мекунад ва фақат аз соли 2016 он ба ҷумлаи доруҳои мамнуъ ворид шудааст.  Мария худро гунаҳгор меҳисобад, ки огоҳномаи Федератсияи байналмилалии теннисро дар ин хусус нахондааст: «Ин гуноҳи ман аст. Ман мухлисонамро фанд додам. Намехоҳам, ки карйераи ман чунин ба анҷом расад. Умедворам, ки барои ман боз як шонси дигар медиҳанд.».

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.