Фаридун далериро аз даст надеҳ!

Муборизаи варзишгари тоҷик дар мусобиқаи дарпешистода набарди асосӣ хоҳад буд

Паҳлавони тоҷик Фаридун Одилов дар набарди ҳалкунандаи марҳилаи нави мусобиқаи EAGLE FC 39 дар Нижний Новгород, иштирок мекунад.

Размикори тоҷик бо намояндаи Бразилия Марсио Сантос вомехӯрад.

Одилов дар корномаи варзишияш то кунун 11 бурд ва 2 бохт дорад. Сантос бошад, 16 набардро бо пирӯзӣ анҷом дода, шаш мағлубият дорад.

Вохӯрӣ 22 август дар маркази варзишии Нагорний баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки президенти Eagle FC Шамил Завуров ва муассису соҳиби лигаи EFC, қаҳрамони мағлубнашудаи UFC Ҳабиб Нурмагомедов дар ин чорабинӣ ширкат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *