Федератсиони байналмилалии ҷудо Ҷаҳонгирро сеюмин медонад

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳудуди 300 гуштигир аз ҳамаи манотиқи кишвар дар ҳайати 20 даста ширкат дошт.
Варзишгарони шаҳри Душанбе дар ҳайати 11 даста рақобат карданд. Аз вилоятҳои Суғду Хатлон дудастаӣ, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи марказ, минтақаи Рашт ва ноҳияи Рӯдакӣ якдастаӣ, инчунин тими бошгоҳи варзишии “Вастан” иштирок карданд. Қаҳрамонҳои нави ҷудои Тоҷикистон аз рӯи ҳафт вазн муайян шуданд.
Паҳлавонон Сайёд Ёқубов (вазни то 60 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 66 кг), Муҳаммад Мирзоев (то 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (то 90 кг), Фирдавс Насимов (то 100 кг) ва Абубакр Раҳмонов (беш аз 100 кг), ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтанд, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Паҳлавони 16-солаи душанбегӣ Ҷаҳонгир Маҷидов, ки бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои кишвар миёни бузургсолон ширкат дошт, дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бо шикаст додани ҳамшаҳриаш Кароматулло Ҳакимов мақоми аввалро касб намуд. Зимнан, Ҷаҳонгир дар рейтинг ё феҳристи Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) миёни наврасон (кадетҳо) дар вазни то 81 кило бо 282 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад, ки ин натиҷа дар байни намояндагони Тоҷикистон беҳтарин аст.
Ба иттилои Федератсиони ҷудои Тоҷикистон, ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти ҷаҳониву минтақавӣ ва байналмилалии соли оянда ширкат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *