ФФТ: мавсими нави футбол аз 25 феврал то 29 октябр мегузарад

Сомонаи ФФТ хабар медиҳад, ки 29 ноябри соли равон дар конфронс-зали Федератсияи футболи Тоҷикистон машварати роҳбарон ва сармураббиёни бошгоҳҳои футболи лигаи олии мамлакат доир шуд, ки он масъалаҳои баргузории мавсими нави футбол ва бо шакли нав сурат гирифтани Чемпионати XXVI Тоҷикистонро дар соли 2017 баррасӣ намуд.
Дар машварат роҳбари Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳозиринро бо лоиҳаи тақвими Чемпионати XXVI Тоҷикистон-2017 шинос кард. Ба гуфтаи Урунов мавсими нави футбол 25 феврал аз вохӯрии дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), чемпион ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2016 ва «Ҳосилот» (Фархор), барандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли гузашта, оғоз мешавад.
Чемпионати XXVI Тоҷикистон бошад, 1 март шурӯъ шуда, 22 октябри соли 2017 ба анҷом мерасад. Дар чемпионати лигаи олии соли 2017 8 даста ширкат намуда, дар се давра 21 бозӣ доир мекунанд. Аз рӯйи нақшаи лига вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 29 октябр баргузор мешавад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ба чемпионати мавсими нав бошгоҳҳои литсензиягирифта роҳ дода мешаванд.
Э. Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *