Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Футбол: «Эсхата» аввалин пирӯзиро ба даст овард

10 ва 11-уми апрел бозиҳои даври дуюми Coca-Cola-Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд, ки дар навдастаи «Эсхата» дар сафар пирӯзӣ ба даст овард, «Истаравшан» дар Рӯдакӣ маѓлуб шуд ва ду бозии дигар мусовӣ ба охир расиданд.

10-уми апрел мухлисон шоҳиди ду бозӣ гардиданд. Дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд аввалин пирӯзиашро дар Лигаи олӣ ҷашн гирифт. Бонкчиҳо дар сафар КМВА-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 маѓлуб карданд. Ҳар се голро дар ҳайати “Эсхата” легионерҳои узбекистонӣ Акобир Тураев (ду гол) ва Шаҳзод Абдураҳимов (як гол) заданд.

Бозии дигар миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Хуҷанд” мусовӣ – 1:1 шуд. Ба голи задаи Нуриддин Ҳамроқулов хуҷандиҳо тавассути зарбаи нишонраси Артем Сердюк ҷавоб доданд.

Ду бозии дигари давр 11-уми апрел баргузор шуданд. “Кӯктош” дар майдони худ бар дастаи “Истаравшан” ѓалаба кард – 1:0. Голи ягонаро дар ин вохурӣ Азизбек Султонов ба номаш сабт кард.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” ва “Файзканд” ѓолиб муайян нагардид – 0:0.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа сеҳокимистӣ ҳукфармост. Дастаҳои «Хуҷанд», «Эсхата» ва «Файзканд» бо чоримтиёзӣ дар сафи пешанд.

Бозиҳои дастаи “Истиқлол” бо сабаби иштироки ин даста дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар вақти дигар баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон 16, 17, 18-уми апрел ба нақша гирифта шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.