Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Истиқлол” «Локоматив»-ро дар майдонаш шикаст дод

Рӯзи 21 январ дар варзишгоҳи хонагии дастаи “Локоматив”-и Тошкент бози байни дастаҳои “Локоматив” ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор гардида, ба нафъи Душанбегиҳо бо ҳособи 0:1 хотима ёфт, хабар медиҳад ТВ Варзиш.

Голи ягонаи ин вохӯриро дар дақиқаи 60-ум беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2019, капитани “Истиқлол” Алишер Ҷалилов аз масофаи дур ба дарвозаи ҳариф ворид кард.

Дар дақиқаҳои боқимонда, ба ҳамлаҳои пай дар пайи рақиб нигоҳ накарда, бачаҳои «Истиқлол» дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ доштанд.

Инро ғалабаи таърихии Истиқлол дар бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё. Акнун чемпиони Тоҷикистон як қадами устувори дигар ба сӯи марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа гузошт.

Барои аввалин бор иштирок дар марҳилаи ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Осиё “Истиқлол”-ро мебояд дар муборизаи навбатӣ бошгоҳи “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудиро мағлуб намояд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.