«Истиқлол»-ро чашм карданду чор бозии назоратиашро бохт?

Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии назоратии чорумашро низ дирӯз бой дод. Ин дафъа бо ҳисоби 2:0 ба бошгоҳи футболи «Енисей»-и Красноярск, ки дар лигаи якуми Русия ҷой дорад.

Сомонаи расмии  ФФТ аз бохти пайҳами «Истиқлол»-и машҳур дар марҳилаи машқу тамринҳояш дар Туркия чунин хабари бешарҳу тавзеҳ  дода,  ёдовар мешавад, ки зердастони Мӯҳсин Муҳаммадиев  бозиҳои назоратиро ба дастаҳои «Интер»-и Озарбойҷон (1:2), «Кайсар»-и Қазоқистон  (1:3), «Пандурий»-и  Руминия (0:1) ва  «Енисей»-и Русия (0:2) бохтанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳайати дуюми «Истиқлол» низ  дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон  бозиро ба тими «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби калони 7:0 бохта, ҳарифи асосиашро ба ба финали Ҷоми Федератсия роҳ дод.

Ба «Истиқлол» чашм расид-чӣ?

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *