Карим Бензема ҳам зиндонӣ ва ҳам ҷарима шуд

Сомонаи Телевизиони “Варзиш” бо истинод ба Get French Football News хабар дод, ки яке аз футболбозони раддаи аввали имрӯз Карим Бензема барои паст задани шаъну шарафи нимҳимоятгари “Олимпиакос” Матё Валбуэна гунаҳкор дониста мешавад ва ба як соли зиндону 75 ҳазор евро ҷарима маҳкум шуд.

Карим Бензема дар парвандаи шантажи нимҳимоятгари “Олимпиакос” Матё Валбуэна бо видеои маҳрамона айбдор дониста мешавад. Тафтишот бар ин назар аст, ки Бензема дар соли 2015 ба ҳайси миёнарав баромад карда, шарики худ дар тими миллии Фаронсаро барангехт, ки ба шантажчиён пул пардохт кунад, то ин наворро нашр накунанд. Бар асари ҷанҷол ҳарду бозигар аз ҳайати тими миллии Евро-2016 даъват нашуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *