Комроншоҳ дар ҷумлаи 10 ҷудочии беҳтарини ҷаҳон!

12 апрели соли равон вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мужда расонид, ки Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо мақомашро панҷ зина боло кардааст.

Мутобиқи ин феҳрист, ки рӯзи 12 апрел дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шуд, Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз ҷойи 7-умро касб кардааст. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринаш дар ин феҳрист мақоми 8-ум будааст.

Айни замон Комроншоҳ бо мураббиёнаш Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, ба чемпионати  ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 26-29 майи соли равон дар Ҳонконг баргузор мешавад, дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинад. «Мекӯшам, ки ба мисли соли гузашта дар ин мусобиқаи қитъавӣ ғолиб оям», — афзуд Комроншоҳи Устопириён.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *